10 Гуфт: «Чун овозатро дар боғ шунидам, ҳаросон шудам, зеро ки ман бараҳнаам, ва пинҳон шудам».
Ва ҳар ду, Одам ва занаш, бараҳна буданд, ва хиҷил намешуданд.
Ва гуфт: «Кӣ ба ту гуфт, ки ту бараҳнаӣ? Оё аз он дарахте ки хӯрданашро ба ту манъ кардам, хӯрдаӣ?»
Ва чашмони ҳар дуи онҳо воз шуд, ва донистанд, ки бараҳнаанд, ва баргҳои анҷирро ба ҳам дӯхта, лӯнгиҳо барои худ сохтанд.
Бинобар ин аз хашми Ӯ ба ҳарос меафтам; вақте ки мулоҳиза мекунам, аз Ӯ метарсам.
Агар ҷиноятҳои худро ҳамчун одамизод рӯпӯш карда, гуноҳи худро дар синаи худ пинҳон дошта бошам, —
Ва чун тамоми қавм раъдҳо, ва забонаҳои оташ, ва садои шох, ва кӯҳи пур аз дудро диданд ва шуниданд, паснокӣ рафтанд, ва аз дур истоданд.
Ва ба Мусо гуфтанд: «Ту бо мо сухан бигӯ, ва мо хоҳем шунид, вале Худо бо мо сухан нагӯяд, мабодо бимирем».
Ва гуфт: «Ман Худои падарат ҳастам, Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб». Ва Мусо рӯи худро пӯшонид, зеро ки аз нигоҳ кардан ба Худо тарсид.
Ва Мусо ин қавмро дид, ки лаҷомгусехта шудаанд, зеро ки Ҳорун онҳоро ба дараҷаи лаҷомгусехтагӣ расонида буд, ба дараҷае ки пеши бадхоҳонашон расво хоҳанд шуд.
Гуноҳкорон дар Сион ба ҳарос афтодаанд, риёкоронро ларза гирифтааст: «Кист аз мо, ки тавонад дар оташи сӯзон сокин шавад? Кист аз мо, ки тавонад дар алангаи абадӣ сокин шавад?»
Аврати ту ошкор хоҳад шуд, нанги ту низ намудор хоҳад гардид. Ман интиқом хоҳам гирифт, ва касеро рӯихотир нахоҳам кард.
Пас ту аз кӣ тарсидаӣ ва ҳаросон шудаӣ, ки хиёнат кардаӣ, ва Маро ба ёд наовардаӣ, оқибати инро ба дил нагирифтаӣ? Оё на аз он сабаб ки Ман дер вақт хомӯш мондаам, ва ту аз Ман натарсидаӣ?
Вале алҳол чаро бимирем? Зеро ки ин оташи бузург моро хоҳад сӯзонид: агар мо боз овози Худованд Худои худро бишнавем, хоҳем мурд.
Дар ҳар чизе ки дил моро маҳкум менамояд, чунки Худо аз дили мо бузургтар аст ва ҳар чизро медонад.
Инак, мисли дузд меоям: хушо касе ки ҳушьёр аст ва либоси худро нигоҳ медорад, то ки бараҳна роҳ наравад, ва расвоии ӯро набинанд.