Дар он рӯз Худованд бо шамшери сахт ва бузург ва пурзӯри Худ он аждар‐мори тозонро ва он аждар‐мори печонро сазо хоҳад дод, ва он тимсоҳро, ки дар баҳр аст, хоҳад кушт.
Ва аждаҳои бузург сарнагун шуд, яъне он мори қадимӣ, ки иблис ва шайтон ном дорад ва тамоми ҷаҳонро фиреб мекунад. Вай ва фариштаҳояш бо вай сарнагун шуданд.