9 Ва Абималик Исҳоқро хонда, гуфт: «Ҳамоно, вай зани туст, пас чаро гуфтӣ: „Хоҳари ман аст“?» Ва Исҳоқ ба ӯ гуфт: «Ба он сабаб гуфтам, ки мабодо барои вай бимирам».
Ва фиръавн Абромро хонда, гуфт: «Ин чӣ кор аст, ки ба ман кардӣ? Чаро ба ман нагуфтӣ, ки вай зани туст?
Ва Абималик гуфт: «Ин чӣ кор аст, ки ба мо кардӣ? Қариб буд, ки яке аз халқ бо занат ҳамхоб шавад, ва ту бар мо гуноҳе меовардӣ».
Ва чун муддати дарозе ӯ дар он ҷо истиқомат кард, чунин воқеъ шуд, ки Абималик, подшоҳи фалиштиён, аз тиреза назар афканда, дид, ки инак Исҳоқ бо зани худ Ривқо ишқбозӣ мекунад.
Исо ба вай гуфт: «Ин қадар вақт Ман бо шумо будам, ва ту Маро нашинохтӣ, Филиппус? Ҳар кӣ Маро бинад, Падарро дидааст; пас чӣ тавр мегӯӣ: „Падарро ба мо нишон деҳ“?
Петрус ба худ омада, гуфт: «Акнун яқин донистам, ки Худованд фариштаи Худро фиристода, маро аз дасти Ҳиродус ва аз он чи қавми яҳудӣ чашм доштанд, раҳо кард».