8 Ва чун муддати дарозе ӯ дар он ҷо истиқомат кард, чунин воқеъ шуд, ки Абималик, подшоҳи фалиштиён, аз тиреза назар афканда, дид, ки инак Исҳоқ бо зани худ Ривқо ишқбозӣ мекунад.
Ва мардуми он макон аз ӯ дар бораи занаш пурсиданд, ва ӯ гуфт: «Вай хоҳари ман аст», зеро тарсид бигӯяд: «Зани ман аст», мабодо, гуфт ба дилаш, мардуми ин ҷо маро аз барои Ривқо бикушанд, чунки вай хушрӯй аст.
Ва Абималик Исҳоқро хонда, гуфт: «Ҳамоно, вай зани туст, пас чаро гуфтӣ: „Хоҳари ман аст“?» Ва Исҳоқ ба ӯ гуфт: «Ба он сабаб гуфтам, ки мабодо барои вай бимирам».
Зеро ки аз тирезаи хонаи худ, аз равзани худ назар андохтам,
Дар тамоми айёми ҳаёти ҳеҷу пучи худ, ки Ӯ ба ту дар таҳти офтоб бахшидааст, яъне дар тамоми айёми ҳеҷу пучи худ, бо завҷае ки дӯст медорӣ, аз зиндагӣ лаззат бигир, зеро ки дар ҳаёт ва дар меҳнате ки дар таҳти офтоб мекунӣ, насибаи ту ҳамин аст.
Маҳбуби ман мисли оҳу ё барраи ғизолон аст; инак, ӯ дар пушти тавораи мо истодааст, аз тирезаҳо назар меандозад, аз равзанҳо менигарад.
Чунон ки ҷавоне дӯшизаро ба занӣ мегирад, ончунон писаронат туро тасарруф хоҳанд кард, ва чунон ки домод аз арӯс шод мегардад, ончунон Худои ту аз ту шод хоҳад шуд.
Модари Сисро аз тиреза нигоҳ мекунад ва аз пушти панҷара фиғон мекашад: „Чаро аробаи ӯ дар омадан таъхир менамояд? Чаро чархҳои аробаҳояш даранг мекунад?“