Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳастӣ 26:7 - Китоби Муқаддас 1992 1999

7 Ва мардуми он макон аз ӯ дар бораи занаш пурсиданд, ва ӯ гуфт: «Вай хоҳари ман аст», зеро тарсид бигӯяд: «Зани ман аст», мабодо, гуфт ба дилаш, мардуми ин ҷо маро аз барои Ривқо бикушанд, чунки вай хушрӯй аст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳастӣ 26:7
15 Iomraidhean Croise  

Вақте ки ба Миср наздик меомад, ба зани худ Сорай гуфт: «Инак, ман медонам, ки ту зани хушрӯй ҳастӣ;


Пас бигӯ, ки ту хоҳари ман ҳастӣ, то ки ба хотири ту ба ман некӣ шавад, ва ҷонам ба туфайли ту зинда монад».


Ва акобири фиръавн варо диданд, ва дар ҳузури фиръавн варо ситоиш карданд; ва ин зан ба хонаи фиръавн гирифта оварда шуд.


Ва Иброҳим гуфт: «Гумон кардам, ки худотарсӣ дар ин макон нест, ва аз боиси занам маро хоҳанд кушт.


Ва Иброҳим дар ҳаққи зани худ Соро гуфт: «Ӯ хоҳари ман аст». Ва Абималик подшоҳи Ҷарор одам фиристода, Сороро гирифт.


Магар ӯ ба ман нагуфт: „Вай хоҳари ман аст“? Худи вай ҳам гуфт: „Ӯ бародари ман аст“. Ба соддадилӣ ва покдастии худ ин корро кардам».


Ва он духтар бисьёр хушрӯй ва бокира буд, ва марде бо ӯ нахобида буд; ва сӯи чашма фуромад, ва кӯзаи худро пур карда, боло баромад.


Ва Исҳоқ дар Ҷарор маскан гирифт.


Ва чун муддати дарозе ӯ дар он ҷо истиқомат кард, чунин воқеъ шуд, ки Абималик, подшоҳи фалиштиён, аз тиреза назар афканда, дид, ки инак Исҳоқ бо зани худ Ривқо ишқбозӣ мекунад.


Ва чашмони Леё заиф буд, вале Роҳел хушандом ва хушрӯй буд.


Тарсончакии одам ба дом меоварад, вале касе ки ба Худованд таваккал кунад, аз хатар эмин аст.


Ва аз кушандагони ҷисм, ки ба куштани рӯҳ қодир нестанд, натарсед; балки аз Ӯ ҳаросон бошед, ки қодир аст ҳам ҷисм ва ҳам рӯҳро дар дӯзах нобуд кунад.


Эй шавҳарон, занони худро дӯст доред, чунон ки Масеҳ низ ба Калисо муҳаббат дошт ва Худро аз барои он таслим намуд,


Ба якдигар дурӯғ нагӯед, дар ҳолате ки одами кӯҳнаро бо аъмоли вай аз худ дур кардаед


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan