Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳастӣ 26:5 - Китоби Муқаддас 1992 1999

5 Ба хотири он ки Иброҳим ба овози Ман гӯш дод ва он чиро, ки ба риоя карданаш амр фармуда будам: аҳкоми Маро, фароизи Маро ва қонунҳои Маро риоя кард».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳастӣ 26:5
14 Iomraidhean Croise  

Ва Абром, чунон ки Худованд ба ӯ фармуд, равона шуд; ва Лут ҳамроҳи ӯ рафт. Ва Абром ҳафтоду панҷсола буд, ҳангоме ки аз Ҳоррон берун омад.


Ва Иброҳим писари худ Исмоил ва ҳамаи хоназодон ва зархаридони худро, яъне ҳар наринаи аҳли байти Иброҳимро гирифта, ғилофаки онҳоро дар ҳамон рӯз хатна кард, чунон ки Худо ба ӯ гуфта буд.


Зеро ӯро барои он шинохтаам, ки фарзандони худро, ва аҳли байти худро баъд аз худ амр хоҳад фармуд, ки роҳи Худовандро риоя карда, адлу инсофро ба амал оваранд, то ки Худованд он чи дар ҳаққи Иброҳим гуфтааст, ба вай бирасонад».


Ва гуфт: «Ба Зоти Худ қасам ёд мекунам, мегӯяд Худованд, азбаски ту ин корро кардӣ ва писари худро, ки ягонаи туст, дареғ надоштӣ, —


Ва ҳамаи халқҳои рӯи замин дар насли ту баракат хоҳанд хост, барои он ки ту ба овози ман гӯш додӣ».


Ва Исҳоқ дар Ҷарор маскан гирифт.


Пас, ҳар кӣ яке аз ин аҳкоми хурдтаринро вайрон кунад ва ба мардум чунин таълим диҳад, вай дар Малакути Осмон хурдтарин шумурда хоҳад шуд; вале ҳар кӣ ба амал оварад ва таълим диҳад, вай дар Малакути Осмон бузург хонда хоҳад шуд.


Пас, ҳар кӣ ин суханони Маро бишнавад ва онҳоро ба ҷо оварад, ӯро ба марди оқиле монанд мекунам, ки хонаи худро бар санг бино кард;


Хуллас, эй бародарони маҳбуби ман, матину устувор бошед, ҳамеша дар кори Худованд ҷадал намоед, ва бидонед, ки меҳнати шумо пеши Худованд бар абас нест.


Зеро ки дар Исои Масеҳ на хатна аҳамият дорад ва на номахтунӣ, балки имоне ки бо муҳаббат амал мекунад.


Бо имон Иброҳим итоат намуд ба даъвате дар бораи рафтан ба мамлакате ки мебоист мерос мегирифт, ва ӯ рафт, ва намедонист ба куҷо меравад.


Оё падари мо Иброҳим, ки писари худ Исҳоқро ба қурбонгоҳ бароварда буд, бо аъмоли ҳуд сафед нашуд?


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan