Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳастӣ 26:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 Ва насли туро мисли ситорагони осмон афзун хоҳам кард; ва ҳамаи ин заминҳоро ба насли ту хоҳам дод; ва дар насли ту ҳамаи халқҳои рӯи замин баракат хоҳанд хост,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳастӣ 26:4
22 Iomraidhean Croise  

Ва насли туро монанди ғубори замин мегардонам; агар касе ғубори заминро шумурда тавонад, насли ту низ шумурда шавад.


Дар он рӯз Худованд бо Абром аҳд баста, гуфт: «Ин заминро аз наҳри Миср то наҳри бузург, яъне наҳри Фурот, ба насли ту медиҳам:


Ва ӯро берун оварда, гуфт: «Ба осмон назар кун, ва ситорагонро бишумур, агар онҳоро шумурда тавонӣ». Ва ба ӯ гуфт: «Насли ту ҳамин қадар хоҳад шуд».


Ва аз Иброҳим ҳатман халқи бузург ва зӯроваре ба вуҷуд хоҳад омад, ва ҳамаи халқҳои рӯи замин дар ӯ баракат хоҳанд хост.


Ва дар ҳамон шаб Худованд бар ӯ зоҳир гардида, гуфт: «Ман Худои падарат Иброҳим ҳастам; натарс, зеро ки Ман бо ту ҳастам, ва туро баракат медиҳам, ва насли туро, ба хотири бандаи Худ Иброҳим, афзун хоҳам кард».


Ва насли ту мисли ғубори замин хоҳад буд; ва ба мағриб, ва машриқ, ва шимол, ва ҷануб паҳн хоҳӣ шуд; ва дар ту ва дар насли ту ҳамаи қабилаҳои рӯи замин баракат хоҳанд хост.


Ва Худои Қодир туро баракат диҳад, ва туро борвар ва афзун гардонад, ва аз ту қавмҳои бисьёр ба вуҷуд оянд;


Ва заминеро, ки ба Иброҳим ва Исҳоқ додаам, ба ту хоҳам дод, ва ба наслат баъд аз ту ин заминро хоҳам дод».


Ва Исроил дар замини Миср, дар замини Ҷӯшан маскан гирифт, ва онро соҳибӣ намуд, ва бағоят борвар ва афзун гардиданд.


Вале Довуд касонеро, ки бистсола ва камтар буданд, саршуморӣ накард, зеро Худованд гуфта буд, ки Исроилро мисли ситораҳои осмон сершумор мегардонад.


То даме ки ба қудсҳои Худо даромадам; он гоҳ ба фарҷоми онҳо сарфаҳм рафтам.


Бандагони Худ Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқубро ба ёд овар, ки барои онҳо ба Зоти Худ қасам ёд карда, ба онҳо гуфтаӣ: „Насли шуморо мисли ситорагони осмон афзун хоҳам кард; ва тамоми ин заминро, ки дар бораи он сухан рондаам, ба насли шумо хоҳам дод, ва онро ба сурати абадӣ тасарруф хоҳанд намуд“».


Ва низ аҳди Худро бо онҳо бастам, то ки замини Канъонро ба онҳо диҳам, яъне замини сукунати онҳоро, ки дар он сокин буданд.


Шумо фарзандони он анбиё ҳастед ва дар он аҳде ки Худо бо падарони мо баст, насибе доред, чунон ки Ӯ ба Иброҳим гуфтааст: „Ҳамаи қабилаҳои рӯи замин дар насли ту баракат хоҳанд хост“.


Лекин ваъдаҳо ба Иброҳим ва ба насли ӯ дода шудааст. Нагуфтааст: «Ва ба наслҳои ту», гӯё ки дар бораи бисьёре, балки дар бораи яке: «Ва ба насли ту», ки он Масеҳ аст.


Ва Навиштаҳо чун пешбинӣ намуд, ки Худо халқҳоро ба воситаи имон сафед мекунад, пешакӣ ба Иброҳим башорат дода, гуфт: «Дар ту ҳамаи халқҳо баракат хоҳанд хост».


Ва аз он чи несту нобуд карда мешавад, чизе ба дастат начаспад, то ки Худованд оташи хашми Худро хомӯш карда, ба ту марҳамат намояд, ва ба ҳоли ту раҳмаш омада, туро афзун гардонад, чунон ки ба падаронат қасам хӯрдааст,


На аз боиси адолати худ ва ростии дили худ ту меравӣ, то ки замини онҳоро тасарруф намоӣ, балки ба сабаби шарорати ин халқҳо Худованд Худои ту онҳоро аз пеши ту бадар меронад, то қавлеро, ки Худованд ба падаронат — ба Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб — дода қасам хӯрдааст, ба ҷо оварад.


Зеро ки ба василаи он қадимиён шаҳодат пайдо кардаанд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan