Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳастӣ 26:12 - Китоби Муқаддас 1992 1999

12 Ва Исҳоқ дар он замин зироат кард, ва дар он сол садчандон ҳосил бардошт: Худованд ӯро баракат дод.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳастӣ 26:12
18 Iomraidhean Croise  

Ва Иброҳим пир ва солхӯрда шуд, ва Худованд Иброҳимро дар ҳар чиз баракат дод.


Ва Худованд оғои маро бисьёр баракат додааст, ва ӯ бузург шудааст, ва гӯсфандону говон, нуқра ва тилло, ғуломону канизон, шутурону харон ба ӯ додааст.


Баъд аз вафоти Иброҳим Худо писари ӯ Исҳоқро баракат дод; ва Исҳоқ назди Беэр‐лаҳай‐рӯӣ иқомат дошт.


То ки ба мо бадӣ накунӣ, чунон ки ба ту осебе нарасондем, балки ба ту фақат некӣ кардем ва туро ба саломатӣ фиристодем, ва акнун ту мубораки Худованд ҳастӣ».


Дар ин замин мусофират кун; ва бо ту хоҳам буд, ва туро баракат хоҳам дод; зеро ки ба ту ва ба насли ту ҳамаи ин заминҳоро хоҳам дод, ва қасамеро, ки ба падарат Иброҳим ёд кардаам, бо ҷо хоҳам овард.


Зеро ки пеш аз омадани ман моли ту кам буд, ва бениҳоят зиёд шуд; ва ба хотири ман Худованд туро баракат дод; ва акнун кай ман барои хонаи худ низ кор мекунам?»


Ва Худованд охири Айюбро бештар аз аввали ӯ баракат дод, ва ӯро чордаҳ ҳазор бузу гӯсфанд ва шаш ҳазор шутур ва ҳазор ҷуфт гов ва ҳазор модахар буд.


Падари ятимон ва довари бевазанон аст Худо дар маскани қудси Худ.


Ва фикру хаёл кардам, то ки инро бифаҳмам; ин дар назарам заҳмат буд,


Баракати Худованд сарватманд мекунад, ва ғаму ғуссае бо худ намеоварад.


Субҳидам тухми худро бикор, ва то шом ба дасти худ осоиш надеҳ, зеро намедонӣ, ки кадоме аз онҳо, ин ё он, муваффақият хоҳад ёфт, ё ки ҳар дуи онҳо баробар некӯ хоҳанд буд?


Зеро ки акнун дар сулҳу осоиштагӣ зироат ба амал хоҳад омад, ток меваи худро хоҳад овард, ва замин ҳосили худро хоҳад дод, ва осмон шабнами худро хоҳад бахшид, ва Ман ҳамаи инҳоро ба тасарруфи бақияи ин қавм хоҳам даровард.


Ва кошташуда дар хоки нағз он кас аст, ки каломро мешунавад ва мефаҳмад ва бор ҳам меоварад: баъзе сад баробар, баъзе шаст ва баъзе сӣ».


Қадаре дар хоки нағз афтод ва бор овард: баъзе сад баробар, баъзе шаст ва баъзе сӣ.


Қадаре дар хоки нағз афтод ва самара дод, ки он сабзид ва нашъунамо ёфт, ва бор овард, баъзе сӣ баробар, баъзе шаст ва баъзе сад».


Ман кишт кардам, Апӯллӯс об дод, лекин Худо сабзонид;


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan