10 Ва Абималик гуфт: «Ин чӣ кор аст, ки ба мо кардӣ? Қариб буд, ки яке аз халқ бо занат ҳамхоб шавад, ва ту бар мо гуноҳе меовардӣ».
Ва Абималик Исҳоқро хонда, гуфт: «Ҳамоно, вай зани туст, пас чаро гуфтӣ: „Хоҳари ман аст“?» Ва Исҳоқ ба ӯ гуфт: «Ба он сабаб гуфтам, ки мабодо барои вай бимирам».
Ва бомдодон маълум шуд, ки ин Леё будааст. Ва ба Лобон гуфт: «Ин чӣ кор аст, ки ба ман кардӣ? Магар барои Роҳел назди ту хизмат накардам? Чаро маро фиреб додӣ?»