8 Вале агар он зан ба омадан бо ту розӣ нашавад, аз ин қасами ман фориғ хоҳӣ буд; аммо, зинҳор, писарамро ба он ҷо барнагардонӣ».
Ҳамон вақт аз қасами ман фориғ хоҳӣ буд, ки назди хешу табори ман рафта бошӣ; ва агар онҳо ба ту надиҳанд, аз қасами ман фориғ хоҳӣ буд“.
Ва падараш назри варо бишнавад, ки вай нафси худро аз чизе манъ намудааст, ва падараш дар ин бобат хомӯш монад, пас ҳамаи назрҳои вай қоим хоҳад буд, ва ҳар манъе ки вай бар нафси худ гузоштааст, бояд ба амал оварда шавад.
Ва шавҳараш бишнавад, ва дар рӯзе ки шунид, дар ин бобат хомӯш монад, пас назрҳои вай қоим хоҳад буд, ва манъҳое ки вай бар нафси худ гузоштааст, бояд ба амал оварда шавад.
Ва ростиро хоҳед шинохт, ва ростӣ шуморо озод хоҳад кард».
Ба ҷавоб гуфт: «Эй бародарон ва эй падарон, гӯш кунед! Худои Зулҷалол ба падари мо Иброҳим, вақте ки ӯ дар Байнаннаҳрайн буд, яъне пеш аз он ки ба Ҳоррон муҳоҷират кунад, зоҳир шуд
Ба онҳо чунин рафтор хоҳем кард ва онҳоро зинда нигоҳ хоҳем дошт, ва бар мо барои қасаме ки барои онҳо хӯрдаем, ғазабе нахоҳад шуд».