5 Ва ғулом ба ӯ гуфт: «Шояд, он зан розӣ нашавад, ки бо ман ба ин замин биёяд; оё писаратро ба замине ки аз он берун омадаӣ, баргардонам?»
Ва ба оғои худ гуфтам: „Шояд, он зан ҳамроҳи ман наояд“.
Балки ба замини ман, ба зодгоҳи ман биравӣ, ва зане барои писарам Исҳоқ бигирӣ».
Ва Ривқоро ҷеғ зада, ба вай гуфтанд: «Оё бо ин мард меравӣ?» Гуфт: «Меравам».
Ва Иброҳим ба ӯ гуфт: «Зинҳор, писари маро ба он ҷо барнагардонӣ.
Исми Худованд Худои худро беҳуда ба забон нагир, зеро ки Худованд касеро, ки исми Ӯро беҳуда ба забон мегирад, беҷазо нахоҳад гузошт.
Зеро, агар ту аз равона кардани онҳо рӯй гардонӣ ва онҳоро боз нигоҳ дорӣ,
Ҳар шахси бофаросат бо дониш амал мекунад, вале аблаҳ беақлиро нишон медиҳад.
Ва агар дар ростӣ, инсоф ва адолат „ба ҳаёти Худованд!“ гӯён қасам ёд кунӣ, он гоҳ халқҳо дар вай баракат хоҳанд хост ва бо вай фахр хоҳанд кард».