Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳастӣ 24:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Ва ба Худованд Худои осмон ва Худои замин туро қасам медиҳам, ки зане барои писарам аз духтарони канъониён, ки дар миёни онҳо иқомат дорам, нагирӣ;

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳастӣ 24:3
49 Iomraidhean Croise  

Ва ӯро баракат дода, гуфт: «Муборак аст Абром аз ҷониби Худои Таоло, Молики осмон ва замин;


Ва Абром ба подшоҳи Садӯм гуфт: «Дасти худро ба Худованд Худои Таоло, Молики осмон ва замин бардошта, қасам мехӯрам,


Ва акнун барои ман дар ин ҷо ба Худо қасам ёд кун, ки ба ман ва ба набераву абераи ман осебе нахоҳӣ расонд, балки дар ҳаққи ман ва дар ҳаққи замине ки дар он манзил кардаӣ, мувофиқи эҳсоне ки бо ту кардам, рафтор хоҳӣ кард».


Худованд Худои осмон, ки маро аз хонаи падарам ва аз замини зодгоҳам берун овард, ва ба ман сухан ронд, ва ба ман қасам ёд карда, гуфт, ки: „Ин заминро ба насли ту хоҳам дод“ — Ӯ фариштаи Худро пешопеши ту хоҳад фиристод, то ки зане барои писарам аз он ҷо бигирӣ.


Ва Ривқо ба Исҳоқ гуфт: «Аз дасти духтарони ҳиттӣ аз ҷон безор шудаам; агар Яъқуб зане аз духтарони ҳиттӣ, мисли ононе ки духтарони ин заминанд, бигирад, ба ман зиндагӣ чӣ лозим аст?»


Ва Исҳоқ Яъқубро хонд, ва ӯро баракат дод, ва ӯро амр фармуда, гуфт: «Зане аз духтарони Канъон нагир.


Ва Эсов дид, ки духтарони Канъон дар назари падараш Исҳоқ писандида нестанд;


Ва бо мо қудову анда шуда, духтарони худро ба мо бидиҳед ва духтарони моро барои худ бигиред.


Ва дар он ҷо Яҳудо духтари марди канъониро, ки Шуа ном дошт, дид; варо ба занӣ гирифт, ва бо вай хобид.


Ва гуфт: «Ба ман қасам ёд кун». Ва ба ӯ қасам ёд кард. Ва Исроил бар сари бистари худ саҷда кард.


Ва Юсуф банӣ‐Исроилро қасам дода, гуфт: «Худо шуморо ҳатман тафаққуд хоҳад кард, ва он гоҳ устухонҳои маро аз ин ҷо берун хоҳед овард».


Писарони Худо духтарони одамизодро диданд, ки хушрӯянд, ва ҳар кадомро, ки хуш мекарданд, барои худ ба занӣ мегирифтанд.


Дар он рӯзгорон дар замин баҳодурон буданд, алалхусус баъд аз замоне ки писарони Худо назди духтарони одамизод омаданд, ва онҳо барояшон фарзанд оварданд. Ин паҳлавонон аз қадимулайём мардони номвар буданд.


Ва Ҳизқиё ба ҳузури Худованд дуо хонда, гуфт: «Эй Худованд Худои Исроил, ки бар каррубиён нишастаӣ! Туӣ, ки ба танҳоӣ Худои ҳамаи мамлакатҳои замин ҳастӣ; Ту осмон ва заминро офаридаӣ.


Ва Хуром гуфт: «Муборак аст Худованд Худои Исроил, офаринандаи осмон ва замин, ки ба подшоҳ Довуд писари ҳакими соҳиби ақлу фаҳмро ато намудааст, ки вай хонае барои Худованд ва хонае барои салтанати худаш бино менамояд.


Ва онҳо дар ҷавоби мо чунин суханонро гуфтанд: „Мо бандагони Худои осмон ва замин ҳастем, ва хонаеро бино мекунем, ки чандин сол пеш аз ин бино ёфта буд, ва подшоҳи бузурги Исроил онро бино карда ва ба анҷом расонда буд.


Ва ман онҳоро мазаммат намудам, ва ба онҳо лаънат хондам, ва баъзе касонро аз байни онҳо кӯфтам, ва мӯйҳошонро кандам, ва онҳоро ба Худо қасам дода, гуфтам: «Духтарони худро ба писарони онҳо надиҳед, ва духтарони онҳоро барои писарони худ ва барои худ нагиред.


Танҳо Ту Худованд ҳастӣ, Ту осмон, фалакулафлок ва тамоми лашкари онҳоро, замин ва ҳар чиро, ки бар он аст, баҳрҳо ва ҳар чиро, ки дар онҳост, ба вуҷуд овардаӣ, ва Ту ба ҳамаи онҳо ҳаёт мебахшӣ, ва лашкари афлок ба Ту саҷда мекунанд.


Исми Худованд Худои худро беҳуда ба забон нагир, зеро ки Худованд касеро, ки исми Ӯро беҳуда ба забон мегирад, беҷазо нахоҳад гузошт.


Бигзор қасами Худованд дар миёни ҳар ду ба кор бурда шавад дар бораи он ки дасти худро ба моликияти ёри худ дароз накардааст; ва соҳибаш бояд қабул кунад, ва он кас товон надиҳад.


Ва ҳар он чиро, ки Ман ба шумо гуфтаам, риоя намоед; ва номи худоёни дигарро зикр накунед, он аз забонатон шунида нашавад.


Ва аз духтарони онҳо барои писарони худ мегирӣ, ва духтарони онҳо худоёни худро фосидона пайравӣ намуда, писарони туро фосид мегардонанд, то ки худоёни онҳоро пайравӣ кунанд.


Ба Зоти Худ қасам хӯрдаам: „Аз даҳони Ман ростӣ, каломи барнагаштанӣ берун омадааст, ки пеши Ман ҳар зонуе хам хоҳад шуд, ва ҳар забоне ба исми Ман қасам хоҳад хӯрд,


Инро бишнавед, эй хонадони Яъқуб, ки ба номи Исроил хонда мешавед, ва аз чашмаи Яҳудо ба вуҷуд омадаед, ва ба исми Худованд қасам мехӯред, ва Худои Исроилро зикр мекунед, лекин на аз рӯи ростӣ ва на аз сидки дил.


Пас, ҳар кӣ бар замин фотиҳа диҳад, ба Худои ҳақ фотиҳа хоҳад дод, ва ҳар кӣ бар замин қасам хӯрад, ба Худои ҳақ қасам хоҳад хӯрд, зеро ки андӯҳҳои пештара фаромӯш гардида, аз чашмони Ман пинҳон шудааст.


Ба онҳо чунин бигӯед: худоёне ки осмон ва заминро наофаридаанд, аз рӯи замин ва аз зери осмон нест хоҳанд шуд.


Ва агар онҳо роҳҳои қавми Маро ба хубӣ таълим гирифта, ба исми Ман, яъне „ба ҳаёти Худованд“ гӯён қасам ёд кунанд, — чунон ки онҳо ба қавми Ман таълим дода буданд, ки ба Баал қасам ёд кунанд, — дар он сурат онҳо дар миёни қавми Ман ҷойгир хоҳанд шуд.


Занон гирифта, писарон ва духтарон ба дуньё оваред, ва занон барои писарони худ бигиред, ва духтарони худро ба шавҳар бидиҳед, то ки писарон ва духтарон ба дуньё оваранд; ва дар он ҷо биафзоед ва кам нашавед.


Ва агар дар ростӣ, инсоф ва адолат „ба ҳаёти Худованд!“ гӯён қасам ёд кунӣ, он гоҳ халқҳо дар вай баракат хоҳанд хост ва бо вай фахр хоҳанд кард».


Ва ба исми Ман қасами дурӯғ нахӯред, ки исми Худои худро бо ин беҳурмат хоҳед кард. Ман Худованд ҳастам.


Ва онҳоеро низ, ки бар бомҳо ба лашкари осмон сачда мекунанд, ва онҳоеро, ки сачда карда, ба Худованд қасам мехӯранд ва ба Милкум қасам мехӯранд,


Он гоҳ коҳин занро қасами лаънат медиҳад, ва коҳин ба зан мегӯяд: „Бигзор Худованд туро дар миёни кавми ту ба лаънат ва қасам гирифтор кунад, ба тавре ки Худованд ронатро лоғар ва шикаматро омосдор гардонад;


Зан, мувофиқи шариат, то даме ки шавҳараш зинда аст, ба ӯ тааллуқ дорад; пас аз вафоти шавҳараш вай озод шуда, ба ҳар касе ки хоҳад, никоҳ кунад, фақат дар Худованд бошад.


Аз Худованд Худои худ битарс, Ӯро ибодат намо ва ба Ӯ бичасп, ва ба исми Ӯ қасам бихӯр.


Аз Худованд Худои худ битарс, ва Ӯро ибодат намо, ва ба исми Ӯ қасам бихӯр.


Зеро ки одамон бо он чи бузургтар аст, қасам ёд мекунанд, ва қасам исботест, ки ба ҳар мунозираи онҳо хотима медиҳад.


Ва алҳол барои ман ба Худованд қасам ёд кунед, ки ба хотири эҳсоне ки ман ба шумо кардам, шумо низ ба хонадони падари ман эҳсон хоҳед кард; ва нишони мӯътабаре ба ман бидиҳед,


Ва падару модараш ба ӯ гуфтанд: «Магар дар миёни духтарони бародаронат ва дар тамоми қавми мо зане нест, ки ту мехоҳӣ рафта, аз фалиштиёни номахтун зан бигирӣ?» Вале Шимшӯн ба падари худ гуфт: «Варо барои ман бигир, зеро ки вай дар чашми ман писанд омад».


Ва Йӯнотон бори дигар ба Довуд дар бораи муҳаббате ки ба ӯ дошт, қасам ёд кард, зеро ки ӯро мисли ҷони худ дӯст медошт.


Ва Довуд ба ӯ гуфт: «Оё ту маро ба он фавҷ бурда мерасонӣ?» Ӯ гуфт: «Барои ман ба Худо қасам бихӯр, ки маро нахоҳӣ кушт, ва маро ба дасти оғоям нахоҳӣ супурд, ва ман туро ба он фавҷ хоҳам расонд».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan