Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳастӣ 24:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Ва Иброҳим пир ва солхӯрда шуд, ва Худованд Иброҳимро дар ҳар чиз баракат дод.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳастӣ 24:1
17 Iomraidhean Croise  

Ва аз ту халқи бузурге ба вуҷуд оварам, ва туро баракат диҳам, ва номи туро бузург созам: ва ту намунаи баракат хоҳӣ шуд.


Ва Абром аз чорво, ва нуқра, ва тилло хеле бой буд.


Ва Иброҳим ва Соро пир ва солхӯрда буданд; ва одати занон аз Соро қатъ шуда буд.


Ва Иброҳим дар вақти таваллуди писараш Исҳоқ садсола буд.


Ва Худованд оғои маро бисьёр баракат додааст, ва ӯ бузург шудааст, ва гӯсфандону говон, нуқра ва тилло, ғуломону канизон, шутурону харон ба ӯ додааст.


Ва Исҳоқ чилсола буд, ки Ривқо духтари Батуили арамӣ ва хоҳари Лобони арамиро аз Фаддони Арам барои худ ба занӣ гирифт.


Ва Исҳоқ дар он замин зироат кард, ва дар он сол садчандон ҳосил бардошт: Худованд ӯро баракат дод.


Аз Худои падарат, ки туро мадад мекунад, ва аз Қодири Мутлақ, ки туро баракат медиҳад бо баракоти осмон аз боло, бо баракоти варта, ки дар поён аст, бо баракоти пистонҳо ва батн,


Ва чун подшоҳ Довуд пир ва солхӯрда шуд, ҳарчанд болои ӯро бо либосҳо мепӯшониданд, ӯ гарм намешуд.


Баракати Худованд сарватманд мекунад, ва ғаму ғуссае бо худ намеоварад.


Ба падаратон Иброҳим, ва ба Соро, ки шуморо зоидааст, назар андозед; зеро вақте ки Ман ӯро даъват намудам, ӯ як нафар буд, ва ӯро баракат додам, ва ӯро афзун гардонидам.


Аммо аввал Малакути Худо ва адолати Ӯро биҷӯед, ва ҳамаи ин чизҳо ба шумо ба таври илова дода хоҳад шуд.


Онҳо фарзанд надоштанд, зеро ки Элисобаъ нозой буд, ва ҳар ду ба пиронсолагӣ расида буданд.


Бинобар ин аҳли имон бо Иброҳими имондор баракат мехоҳанд,


Муборак аст Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳ, ки моро бо ҳар баракати рӯҳоние ки дар афлок аст, дар Масеҳ баракат додааст,


Зеро ки машқи ҷисмонӣ кам фоида дорад, вале диндорӣ барои ҳама чиз фоиданок аст, ки ваъдаи ҳаёти ҳозира ва ояндаро дорад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan