Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳастӣ 23:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 «Ман пеши шумо ғарибу мусофир ҳастам: мақбарае дар байни худ ба моликияти ман бидиҳед, то ки мурдаи худро аз пешам дафн кунам».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳастӣ 23:4
21 Iomraidhean Croise  

Ва замини мусофирати туро, тамоми замини Канъонро ба ту, ва баъд аз ту ба насли ту ба тасарруфи абадӣ медиҳам; ва Худои онҳо хоҳам буд».


Ва фарзандони Ҳит ба Иброҳим ҷавоб дода, гуфтанд:


Ба арақи ҷабинат нон хоҳӣ хӯрд, то даме ки ба хок баргардӣ, ки аз он гирифта шудаӣ; зеро ки ту хок ҳастӣ, ва ба хок хоҳӣ баргашт».


Ва Яъқуб ба фиръавн гуфт: «Айёми солҳои мусофирати ман саду сӣ сол аст; айёми солҳои умри ман кам ва бад аст, ва ба айёми солҳои умри падарони ман дар айёми мусофирати онҳо нарасидааст».


Дар мағорае ки дар саҳрои Макфело мебошад, ки он дар рӯ ба рӯи Мамре, дар замини Канъон аст, ва онро Иброҳим бо он саҳро аз Афрӯни ҳиттӣ барои моликияти мақбара харида буд.


Ва писаронаш ӯро ба замини Канъон бурданд, ва ӯро дар мағораи саҳрои Макфело дафн карданд, ки Иброҳим он саҳроро аз Афрӯни ҳиттӣ барои моликияти мақбара дар рӯ ба рӯи Мамре харида буд.


Зеро ки мо ба ҳузури Ту ғариб ҳастем, ва мисли ҳамаи падарони худ меҳмон мебошем: айёми мо бар замин мисли соя аст, ва бақо надорад.


Медонам, ки Ту маро ба марг хоҳӣ расонид, ва ба хонае ки барои ҷамъ омадани ҳамаи зиндаҳост.


Ту, эй Худованд, марҳаматҳои Худро аз ман боз надор; бигзор эҳсон ва ростии Ту ҳамеша маро нигаҳбонӣ кунад.


Вай писаре зоид, ва ӯ номашро Ҷершӯн монд, зеро ки гуфт: «Дар замини бегона ғариб будам».


Аз баландӣ низ битарсанд ва дар роҳ хавотир кашанд; ва бодом шукуфта сафедпӯш шавад; ва малахе гаронӣ кунад; ва иштиҳо кӯр шавад. Ба ҳамин тариқ одамизод ба хонаи ҷовидонии худ меравад, ва дар кӯча навҳагарон гирд мегарданд;


Ва хок бар замин баргардад, ончунон ки буд; ва рӯҳ назди Худо, ки онро бахшида буд, баргардад.


Агар касе сад писар ба дуньё оварад, ва солҳои бисьёр зиндагӣ кунад, ва айёми солҳояш боз ҳам зиёд шавад, валекин ҷонаш аз некӣ сер нашавад, ва ӯ дафну кафан низ надошта бошад, — мегӯям, ки афгона аз ӯ беҳтар аст,


Вале замин набояд ба сурати абадӣ фурӯхта шавад, зеро ки замин аз они Ман аст; ва шумо назди Ман ғариб ва сокин ҳастед.


Онҳоро ба Шакем бурда, дар мақбарае ки Иброҳим аз банӣ‐Ҳамӯри шакемӣ ба нуқраи худ харида буд, дафн карданд.


Ва аз он ба андозаи як кафи пой ҳам ба тасарруфи ӯ надод, вале дар ҳамон вақте ки ӯ ҳанӯз фарзанде надошт, ваъда кард, ки ӯро ва баъд аз ӯ наслашро молики он гардонад.


Бо имон ӯ дар замини мавъуд, мисли замини бегона, ғарибона маскан гирифт, ва бо Исҳоқ ва Яъқуб, ки ҳамирсони ҳамон ваъда буданд, дар хаймаҳо зиндагӣ кард;


Эй маҳбубон! Аз шумо, ҳамчун ғарибон ва муҳоҷирон, хоҳишмандам, ки аз ҳавасҳои ҷисм, ки бар зидди ҷон қиём мекунанд, парҳез намоед


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan