Ва барои Шоул ва писараш Йӯнотон, ва барои қавми Худованд ва тамоми хонадони Исроил навҳагарӣ карданд ва гиристанд ва то шом рӯза доштанд, зеро ки ба дами шамшер афтода буданд.
Ва ба Наҷаб баромада, то Ҳебрӯн расиданд, ки Аҳимон, Шешай ва Талмай, фарзандони Аноқ, он чо буданд; ва Ҳебрӯн ҳафт сол пеш аз Сӯани Миср бино ёфта буд.
Ва он ва подшоҳи он ва ҳамаи шаҳрҳои онро забт намуд; ва онҳоро ба дами шамшер куштанд, ва ҳар ҷондореро, ки дар он буд, несту нобуд карданд; растагореро боқӣ нагузошт; ба Дабир ва подшоҳи он ончунон амал кард, чунон ки ба Ҳебрӯн карда буд, ва чунон ки ба Либно ва подшоҳи он карда буд.
Ва Самуил вафот ёфт, ва тамоми Исроил барои ӯ навҳагарӣ карданд, ва ӯро дар шаҳраш Ромо дафн намуданд. Ва Шоул ҷодугарон ва азоимхононро аз мамлакат бадар ронд.