Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳастӣ 22:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Ва Иброҳим бомдодон бархоста, хари худро зин кард, ва ду нафар аз ғуломбачагонаш ва Исҳоқ писарашро ҳамроҳи худ гирифт; ва ҳезум барои қурбонии сӯхтанӣ шикаст, ва бархоста, сӯи маконе ки Худо ба ӯ гуфт, равона шуд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳастӣ 22:3
16 Iomraidhean Croise  

Ва Иброҳим писари худ Исмоил ва ҳамаи хоназодон ва зархаридони худро, яъне ҳар наринаи аҳли байти Иброҳимро гирифта, ғилофаки онҳоро дар ҳамон рӯз хатна кард, чунон ки Худо ба ӯ гуфта буд.


Ва бомдодон Иброҳим бархост, ва нон ва машки обе гирифт, ва ба Ҳоҷар дода, бар китфи ӯ гузошт, ва ӯро бо писар равона кард; ва ӯ бирафт, ва дар биёбони Беэр‐Шобаъ роҳро гум кард.


Ва ҳамаи халқҳои рӯи замин дар насли ту баракат хоҳанд хост, барои он ки ту ба овози ман гӯш додӣ».


Ва гуфт: «Писари худро, ки ягонаи туст, ва ӯро дӯст медорӣ, яъне Исҳоқро бигир; ва ба замини Мӯриё бирав, ва дар он ҷо ӯро бар яке аз кӯҳҳое ки ба ту хоҳам гуфт, барои қурбонии сӯхтанӣ барор».


Дар рӯзи сеюм Иброҳим чашм андохта, он маконро аз дур дид.


Ҳар коре ки карданаш аз дасти ту ояд, алоқадри қуввати худ бикун, зеро дар гӯр, ки ба он ҷо меравӣ, на амал ҳаст, на тафаккур, на дониш ва на ҳикмат.


Хар кӣ падар ё модарашро аз Ман бештар дӯст медорад, лоиқи Ман нест; ва ҳар кӣ писар ё духтарашро аз Ман бештар дӯст медорад, лоиқи Ман нест;


«Агар касе назди Ман ояд ва аз падару модар, зану фарзандон, бародарону хоҳарон ва ҳамчунин аз ҷони худ нафрат накунад, вай наметавонад шогирди Ман бошад;


Ки Писари Худро дар ман ошкор созад, то ки Ӯро дар миёни ҳалқҳо башорат диҳам, — ман он вақт бо ҷисм ва хун машварат накардам,


Бо имон Иброҳим итоат намуд ба даъвате дар бораи рафтан ба мамлакате ки мебоист мерос мегирифт, ва ӯ рафт, ва намедонист ба куҷо меравад.


Ва Еҳушаъ бомдодон бармаҳал бархост, ва ӯ ва тамоми банӣ‐Исроил аз Шиттим равона шуда, ба Урдун омада расиданд, ва пеш аз он ки убур кунанд, шабро дар он ҷо гузарониданд.


Ва Еҳушаъ бомдодон бармаҳал бархоста, лашкарашро аз назар гузаронид; ва ӯ бо якҷоягии пирони Исроил пешопеши лашкар сӯи Ой равона шуд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan