Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳастӣ 22:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Ва гуфт: «Писари худро, ки ягонаи туст, ва ӯро дӯст медорӣ, яъне Исҳоқро бигир; ва ба замини Мӯриё бирав, ва дар он ҷо ӯро бар яке аз кӯҳҳое ки ба ту хоҳам гуфт, барои қурбонии сӯхтанӣ барор».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳастӣ 22:2
18 Iomraidhean Croise  

Худо гуфт: «Валекин занат Соро ба ту писаре хоҳад зоид, ва ӯро Исҳоқ ном хоҳӣ ниҳод; ва аҳди Худро бо ӯ барқарор хоҳам кард, то ки бо насли ӯ баъд аз ӯ аҳди ҷовидонӣ бошад.


Ва Худо ба Иброҳим гуфт: «Ин амр дар ҳаққи писарат ва канизат дар назари ту бад наояд; ҳар он чи Соро ба ту мегӯяд, ба суханаш гӯш андоз; зеро ки насли ту аз Исҳоқ хонда хоҳад шуд.


Ва Иброҳим писари мавлуди худро, ки Соро ба ӯ зоид, Исҳоқ ном ниҳод.


Ва гуфт: «Дасти худро ба писар дароз накун ва ба ӯ чизе накун; зеро акнун донистам, ки ту аз Худо метарсӣ ва писари худро, ки ягонаи туст, аз Ман дареғ надоштӣ».


Ва гуфт: «Ба Зоти Худ қасам ёд мекунам, мегӯяд Худованд, азбаски ту ин корро кардӣ ва писари худро, ки ягонаи туст, дареғ надоштӣ, —


Ва Иброҳим бомдодон бархоста, хари худро зин кард, ва ду нафар аз ғуломбачагонаш ва Исҳоқ писарашро ҳамроҳи худ гирифт; ва ҳезум барои қурбонии сӯхтанӣ шикаст, ва бархоста, сӯи маконе ки Худо ба ӯ гуфт, равона шуд.


Ва ба маконе ки Худо ба ӯ гуфт, расиданд; ва Иброҳим дар он ҷо қурбонгоҳе бино кард, ва ҳезумро чид, ва писари худ Исҳоқро баста, бар қурбонгоҳ болои ҳезум гузошт.


Ва Нӯҳ қурбонгоҳе барои Худованд бино кард; ва аз ҳар чорпои пок, ва аз ҳар паррандаи пок гирифта, қурбониҳои сӯхтанӣ бар қурбонгоҳ гузаронид.


Ва ӯ писари нахустзодаи худро, ки мебоист ба ҷояш подшоҳ мешуд, гирифта, бар ҳисор ҳамчун қурбонии сӯхтанӣ тақдим кард; ва ғазаби азиме ба мукобили исроилиён ба амал омад, ва онҳо аз ӯ ақиб нишаста, ба замини худ баргаштанд.


Ва Сулаймон ба бино кардани хонаи Худованд дар Ерусалим, бар кӯҳи Мӯриё шурӯъ намуд, ки дар он ҷо Худованд ба падараш Довуд зоҳир шуда буд, ва Довуд ин ҷойро дар хирмангоҳи Орнони ябусӣ муқаррар карда буд.


Оё Худованд аз ҳазорҳо қӯчқор ва аз беварҳо наҳри равған розӣ хоҳад шуд? Оё писари нахустзодаи худро барои ҷиноятам, ва самари батни худро барои гуноҳи ҷонам бидиҳам?»


Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад.


Лекин Худо муҳаббати Худро нисбат ба мо бо ҳамин исбот мекунад, ки ҳангоме ки ҳанӯз гуноҳкор будем, Масеҳ барои мо мурд.


Он Худое ки Писари Худро дареғ надоштааст, балки Ӯро барои ҳамаи мо таслим кардааст, чӣ гуна бо якҷоягии Ӯ ҳама чизро ба мо намебахшад?


Бо имон Иброҳим, вақте ки озмуда шуд, Исҳоқро барои қурбонӣ тақдим намуд ва, бо вуҷуди он ки ваъдаҳо гирифта буд, писари ягонаи худро тақдим намуд,


Он гоҳ бигзор чунин шавад: ҳангоме ки аз банӣ‐Аммӯн ба саломатӣ баргардам, ҳар кӣ аз дари хонаи ман ба пешвози ман берун ояд, бигзор аз они Худованд бошад, ва ман варо ҳамчун қурбонии сӯхтанӣ хоҳам овард».


Ва чунин воқеъ шуд, ки баъд аз гузаштани ду моҳ вай назди падари худ баргашт, ва ӯ назреро, ки дода буд, бар вай ба амал овард; ва вай рӯи мардро надид; ва дар Исроил чунин таомул шуд,


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan