Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳастӣ 22:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Ва воқеъ шуд баъд аз ин ҳодисот, ки Худо Иброҳимро озмуда, ба ӯ гуфт: «Эй Иброҳим!» Гуфт: «Лаббай!»

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳастӣ 22:1
24 Iomraidhean Croise  

Баъд аз ин ҳодисаҳо каломи Худованд дар рӯъё ба Абром расида, гуфт: «Натарс, эй Абром; Ман сипари ту ҳастам; музди ту бағоят бузург аст».


Вале ин сухан дар назари Иброҳим дар ҳаққи писараш хеле бад омад.


Вале фариштаи Худованд аз осмон ӯро хонда, гуфт: «Иброҳим! Иброҳим!» Гуфт: «Лаббай!»


Ва Исҳоқ ба падари худ Иброҳим сухан ронда, гуфт: «Эй падарам!» Гуфт: «Лаббай, писарам!» Гуфт: «Инак оташ ва ҳезум, пас барраи қурбонӣ куҷост?»


Ва Исроил ба Юсуф гуфт: «Магар бародаронат дар Шакем намечаронанд? Биё, то ки туро назди онҳо бифиристам». Ба ӯ гуфт: «Лаббай!»


Ва Худо дар рӯъёи шаб ба Исроил хитоб карда, гуфт «Яъқуб, Яъқуб!» Гуфт: «Лаббай!»


Ва ғазаби Худованд боз бар исроилиён аланга зад, ва Довудро бар онҳо барангехт, то бигӯяд: «Бирав, Исроил ва Яҳудоро саршуморӣ намо».


Ва ҳамчунин дар масъалаи элчиёни сарварони Бобил, ки назди ӯ фиристода шуда буданд, то аз аломате ки дар замин зоҳир шуда буд, пурсон кунанд, Худо ӯро тарк кард, то ки ӯро имтиҳон намуда, ҳар чиро, ки дар дилаш буд, бидонад.


Яъне онҳоеро, ки мегӯянд: «Бо забони худ зӯр мебароем, лабони мо бо мост; кист, ки бар мо оғо бошад?»


Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Инак, Ман барои шумо нон аз осмон меборонам, ва бигзор қавм берун омада, ризқи ҳаррӯзаро ҷамъ кунанд, то онҳоро имтиҳон намоям, ки оё мувофиқи шариати Ман рафтор мекунанд, ё не.


Ва Худованд дид, ки вай барои дидан наздик меояд, ва Худо аз миёни хорбутта сӯи вай хонда, гуфт: «Мусо, Мусо!» Вай гуфт: «Лаббай!»


Бӯта барои нуқра аст, ва кӯра — барои тилло; вале дилҳоро Худованд месанҷад.


Ва ман овози Худовандро шунидам, ки мегуфт: «Ман киро бифиристам? Ва кист, ки барои Мо биравад?» Ва ман гуфтам: «Инак ман ҳозирам, маро бифирист».


Озмоише ки ба сари шумо омадааст, ҷуз озмоиши оддии инсонӣ чизи дигаре нест; ва Худо амин аст, ва Ӯ намегузорад, ки шумо берун аз қуввати худ озмуда шавед, балки дар баробари озмоиш сабукӣ ҳам медиҳад, то ки шумо тоб оварда тавонед.


Ту ба суханони он набӣ ё он бинандаи хобҳо гӯш надеҳ, зеро ки Худованд Худои шумо шуморо имтиҳон мекунад, то бидонад, ки оё Худованд Худои худро бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ дӯст медоред?


Ва туро дар биёбон манн хӯронид, — ки падаронат онро намедонистанд, — то ки туро азият дода, биозмояд, ва оқибат бар ту марҳамат намояд, —


Ва дар хотир нигоҳ дор тамоми роҳеро, ки Худованд Худои ту ин чил сол туро бо он дар биёбон бурд, то ки туро азият дода, биозмояд, ва он чиро, ки дар дили туст, бидонад, ки оё аҳкоми Ӯро риоят хоҳӣ кард ё не?


Бо имон Иброҳим, вақте ки озмуда шуд, Исҳоқро барои қурбонӣ тақдим намуд ва, бо вуҷуди он ки ваъдаҳо гирифта буд, писари ягонаи худро тақдим намуд,


Оё падари мо Иброҳим, ки писари худ Исҳоқро ба қурбонгоҳ бароварда буд, бо аъмоли ҳуд сафед нашуд?


Имони шумо аз тилло, ки бо вуҷуди озмуда шуданаш дар оташ ҳам фонӣ мебошад, гаронбаҳотар аст. Ин имон аз имтиҳон мегузарад ва барои ҳамд ва шавкат ва ҷалол дар вақти зуҳури Исои Масеҳ холис ба миён меояд.


То ки ба воситаи онҳо Исроилро биозмоям: оё онҳо роҳи Худовандро мисли он ки падаронашон риоя мекарданд, риоя намуда, бо он рафтор мекунанд ё не?»


Ва Худованд Самуилро хонд, ва ӯ гуфт: «Лаббай!»


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan