Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳастӣ 21:8 - Китоби Муқаддас 1992 1999

8 Ва он писар калон шуд, ва ӯро аз сина ҷудо карданд; ва дар рӯзе ки Исҳоқро аз сина ҷудо карданд, Иброҳим зиёфати калоне дод.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳастӣ 21:8
16 Iomraidhean Croise  

Ва чун онҳоро бисьёр илтиҷо намуд, назди ӯ равона шуда, ба хонааш даромаданд. Ва ӯ онҳоро зиёфат дод, ва фатир пухт; ва онҳо тановул карданд.


Ва гуфт: «Кист, ки ба Иброҳим мегуфт: „Соро кӯдаконро хоҳад маконид“? Зеро ки писаре дар пириаш зоидаам».


Ва Соро дид, ки писари Ҳоҷари мисрӣ, ки ба Иброҳим зоида буд, ханда мекунад.


Ва ӯ барои онҳо зиёфате барпо намуд, ва онҳо хӯрданд ва нӯшиданд.


Ва Лобон ҳамаи мардуми он ҷоро даъват намуда, базме орост.


Дар рӯзи сеюм, ки рӯзи таваллуди фиръавн буд, ӯ зиёфате барои тамоми чокарони худ орост, ва дар миёни чокарони худ сарсоқӣ ва сарнонвойро ҳозир кард.


Ва Абнир назди Довуд ба Ҳебрӯн омад, ва бист мард ҳамроҳи ӯ буданд, ва Довуд барои Абнир ва мардоне ки ҳамроҳаш буданд, зиёфате орост.


Ва Сулаймон бедор шуд, ва инак хоб буд. Ва ба Ерусалим омада, пеши сандуқи аҳди Худованд истод, ва қурбониҳои сӯхтанӣ баровард, ва қурбониҳои саломатӣ забҳ намуд, ва барои ҳамаи навкаронаш базм барпо кард.


Ва дар соли сеюми подшоҳии худ ӯ барои ҳамаи мирон ва маъмуронаш базм барпо кард, ва сипоҳиёни Форс ва Модай, аъёну ашроф ва ҳокимони вилоятҳо дар ҳузури ӯ буданд,


Ки ба Худованд қасам хӯрда буд, ба Қодири Яъқуб назр карда буд:


Ва ҳангоме ки вай Лӯ‐Руҳомаро аз сина ҷудо кард, ҳомила шуда, писаре зоид.


Ва падараш назди он зан фурӯд омад; ва Шимшӯн дар он ҷо базм кард, зеро ки расму одати ҷавонон чунин буд.


Ва Шимшӯн ба онҳо гуфт: «Муаммое барои шумо мегӯям; агар шумо онро барои ман дар ҳафт рӯзи базм ҳал намоед ва ҳалли дурусташро биёбед, ман ба шумо сӣ яктаки катон ва сӣ даста либос хоҳам дод;


Вале Ҳанно нарафт, зеро ки ба шавҳараш гуфта буд: «Вақте ки писар аз сина ҷудо шавад, ӯро хоҳам бурд, ва ӯ назди Худованд ҳозир шуда, дар он ҷо ба таври доимӣ хоҳад монд».


Ва ҳангоме ки ӯро аз сина ҷудо кард, як наргови сесола, як эфа орд ва як машк шароб гирифта, бо ӯ баромад, ва ӯро ба хонаи Худованд ба Шилӯ овард; ва писар ҳанӯз хурд буд.


Ва Абиҷайл назди Нобол омад, ва инак, базме дар хонаи ӯ мисли базми подшоҳ ороста шуда буд, ва дили Нобол шод гардида, ӯ бағоят маст буд; ва то субҳ вай ба ӯ чизе кам ё зиёд хабар надод.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan