6 Ва Соро гуфт: «Худо барои ман ханда сохт, ва ҳар кӣ бишнавад, ба ман ханда хоҳад кард».
Ва Иброҳим бар рӯи худ афтода, хандид ва дар дили худ гуфт: «Наход ки аз марди садсола бача шавад, ва Соро дар навадсолагӣ бизояд?»
На моро, эй Худованд, на моро, балки исми Худро ҷалол деҳ; ба хотири эҳсони Худ, ба хотири ростии Худ.
Бар абас шумо бармаҳал мехезед, то бевақтӣ менишинед, нони ранҷро мехӯред, дар сурате ки Ӯ ба маҳбуби Худ хоб мебахшад.
«Оё зан бачаи ширмаки худро фаромӯш карда, ба писари батни худ раҳмаш намеояд? Ва инҳо фаромӯш кунанд ҳам, Ман туро фаромӯш нахоҳам кард.
Ва ту дар дили худ хоҳӣ гуфт: „Кист, ки инҳоро барои ман зоидааст? Ва ҳол он ки ман фарзандгумкарда ва нозой, ҷалои ватан ва ғариб будам; пас кист, ки инҳоро ба воя расонидааст? Ман, охир, танҳо монда будам; пас инҳо куҷо буданд?“»
«Шод бош, эй безурьёт, ки назоидаӣ; тараннум намо ва хурсандӣ бикун, ки дарди зоиш накашидаӣ; зеро писарони зане ки матрук аст, назар ба зани шавҳардор зиёдтаранд, — мегӯяд Худованд.
Малъун бод шахсе ки ба падарам мужда дода, гуфтааст: «Барои ту фарзанди нарина зоида шуд!» — ва ӯро бағоят шод кардааст.
Ва туро шодмонӣ ва хурсандӣ насиб хоҳад шуд, ва бисьёр касон ба таваллуди ӯ шодӣ хоҳанд кард;
Ва ҳамсояҳо ва хешу табори ӯ шуниданд, ки Худованд марҳамати Худро ба ӯ афзун кардааст, ва бо ӯ шод шуданд.
Бо шодикунандагон шодӣ кунед, бо гирьякунандагон гирья кунед.
Бо имон худи Соро низ барои қабули насл қувват пайдо кард ва баъд аз фарсудагиаш зоид; зеро Ваъдадиҳандаро амин донист.
Ва Ҳанно гуфт: «Лутфан, эй оғоям! Ба ҳаётат қасам мехӯрам, эй оғоям! Ман ҳамон зан ҳастам, ки дар ин ҷо назди ту истода, сӯи Худованд дуо гуфта будам.