2 Ва Соро ҳомила шуда, ба Иброҳим дар пириаш писаре зоид, дар мӯҳлате ки Худо ба ӯ гуфта буд.
Худо гуфт: «Валекин занат Соро ба ту писаре хоҳад зоид, ва ӯро Исҳоқ ном хоҳӣ ниҳод; ва аҳди Худро бо ӯ барқарор хоҳам кард, то ки бо насли ӯ баъд аз ӯ аҳди ҷовидонӣ бошад.
Вале аҳди Худро бо Исҳоқ барқарор хоҳам кард, ки Соро ӯро соли дигар дар ҳамин вақт ба ту хоҳад зоид».
Ва гуфт: «Соли оянда дар ҳамин вақт ҳатман назди ту хоҳам баргашт, ва занат Сороро писаре хоҳад шуд». Ва Соро ба дари хайма, ки дар ақиби ӯ буд, шунид.
Магар барои Худованд чизи мушкиле ҳаст? Дар сари ваъда, соли оянда дар ҳамин вақт назди ту хоҳам баргашт, ва Сороро писаре хоҳад шуд».
Инак, хеши ту, Элисобаъ, ки ӯро нозой меноманд, ӯ низ дар пирии худ писаре дар шикам дорад, ва ҳоло моҳи шашуми ӯст;
Ва аҳди ҳатнаро ба ӯ дод. Пас аз ин Иброҳим падари Исҳоқ шуда, дар рӯзи ҳаштум ӯро хатна кард; ва Исҳоқ падари Яъқуб ва Яъқуб падари дувоздаҳ сарқабила гардид.
Зеро ки каломи ваъда чунин аст: «Дар ҳамин вақт хоҳам баргашт, ва Сороро писаре хоҳад шуд».
Зеро ки навишта шудааст: «Иброҳим ду писар дошт, яке аз каниз ва дигаре аз зани озод».
Бо имон худи Соро низ барои қабули насл қувват пайдо кард ва баъд аз фарсудагиаш зоид; зеро Ваъдадиҳандаро амин донист.
Вале Ман падаратон Иброҳимро аз он тарафи наҳр гирифтам, ва ӯро дар тамоми замини Канъон гардонидам, ва насли ӯро афзун кардам, ва Исҳоқро ба ӯ додам.