12 Ва Худо ба Иброҳим гуфт: «Ин амр дар ҳаққи писарат ва канизат дар назари ту бад наояд; ҳар он чи Соро ба ту мегӯяд, ба суханаш гӯш андоз; зеро ки насли ту аз Исҳоқ хонда хоҳад шуд.
Худо гуфт: «Валекин занат Соро ба ту писаре хоҳад зоид, ва ӯро Исҳоқ ном хоҳӣ ниҳод; ва аҳди Худро бо ӯ барқарор хоҳам кард, то ки бо насли ӯ баъд аз ӯ аҳди ҷовидонӣ бошад.
Оқибатро аз ибтидо, ва он чиро, ки ҳанӯз рӯй надодааст, аз қадим баён менамоям; Ман мегӯям: „Иродаи Ман иҷро хоҳад шуд, ва ҳар он чиро, ки хостаам, ба ҷо хоҳам овард“.
Ва Худованд ба Самуил гуфт: «Овози қавмро дар ҳар чи ба ту мегӯянд, бишнав, зеро ки онҳо туро рад накардаанд, балки Маро рад кардаанд, то ки бар онҳо подшоҳӣ накунам.