Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳастӣ 21:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Ва Худованд Сороро, чунон ки гуфта буд, тафаққуд намуд; ва Худованд он чи ба Соро гуфта буд, ба амал овард.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳастӣ 21:1
23 Iomraidhean Croise  

Ман варо баракат хоҳам дод, ва писаре низ аз вай ба ту хоҳам бахшид; варо баракат хоҳам дод, ва халқҳо аз вай ба вуҷуд оянд, ва подшоҳони халқҳо аз вай пайдо шаванд».


Худо гуфт: «Валекин занат Соро ба ту писаре хоҳад зоид, ва ӯро Исҳоқ ном хоҳӣ ниҳод; ва аҳди Худро бо ӯ барқарор хоҳам кард, то ки бо насли ӯ баъд аз ӯ аҳди ҷовидонӣ бошад.


Вале аҳди Худро бо Исҳоқ барқарор хоҳам кард, ки Соро ӯро соли дигар дар ҳамин вақт ба ту хоҳад зоид».


Ва гуфт: «Соли оянда дар ҳамин вақт ҳатман назди ту хоҳам баргашт, ва занат Сороро писаре хоҳад шуд». Ва Соро ба дари хайма, ки дар ақиби ӯ буд, шунид.


Магар барои Худованд чизи мушкиле ҳаст? Дар сари ваъда, соли оянда дар ҳамин вақт назди ту хоҳам баргашт, ва Сороро писаре хоҳад шуд».


Ва зани оғоям Соро, баъд аз пир шуданаш, писаре ба оғоям зоид, ва ҳар чӣ ӯ дорад, ба вай додааст.


Ва Юсуф ба бародарони худ гуфт: «Ман мемирам; ва Худо шуморо ҳатман тафаққуд хоҳад кард, ва шуморо аз ин замин сӯи замине ки барои Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб қасам хӯрдааст, берун хоҳад овард».


Ва он зан ҳомила шуда, баъд аз як сол, расо дар ҳамон вақт, чунон ки Элишоъ ба вай гуфта буд, писаре зоид.


Дар биёбон, дар роҳи бероҳа овора буданд; шаҳри маскуне намеёфтанд.


Валекин ман ба эҳсони Ту таваккал менамоям; дилам дар наҷоти Ту шодӣ мекунад; дар шаъни Худованд суруд мехонам, зеро ки Ӯ ба ман таваҷҷӯҳ намудааст.


Ба онҳо саҷда набар ва онҳоро ибодат накун; зеро ки Ман Худованд Худои ту ҳастам, Худои ғаюре ҳастам, ки барои гуноҳи падарон аз писарон, то насли сеюм ва чорум, аз онҳое ки аз Ман нафрат дошта бошанд, интиқом мегирам;


Бирав, ва пирони Исроилро ҷамъ карда, ба онҳо бигӯ: „Худованд Худои падаронатон, Худои Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб, ба ман зоҳир шуда, гуфт: «Ман шуморо тафаққуд намудаам, ва он чиро, ки дар ҳаққи шумо дар Миср ба амал оварда мешавад, дидаам.


Ва қавм имон оварданд; ва чун фаҳмиданд, ки Худованд банӣ‐Исроилро тафаққуд намуда, мазаллати онҳоро дидааст, онҳо сар хам карда, саҷда бурданд.


Осмон ва замин гузарон аст, лекин каломи Ман гузарон нест.


«Муборак аст Худованд Худои Исроил, ки қавми Худро парасторӣ намуда, ба вай халосӣ ато фармудааст,


Ва туро, ва фарзандонатро дар дохили ту, ба хок яксон хоҳанд кард, ва дар ту санге бар санге нахоҳанд гузошт, аз барои он ки ту вақти тафаққуди худро надонистӣ».


Лекин он ки аз каниз буд, ба ҳасби ҷисм таваллуд ёфтааст, ва он ки аз зани озод буд, — ба ҳасби ваъда.


Вале мо, эй бародарон, мисли Исҳоқ, фарзандони ваъда ҳастем.


Ба умеди ҳаёти ҷовидонӣ, ки Худо, ки наметавонад дурӯғ бигӯяд, онро аз азал ваъда кардааст,


Ва ӯ бо келинҳои худ бархост, то ки аз ноҳияи Мӯоб баргардад, зеро дар ноҳияи Мӯоб шунид, ки Худованд қавми Худро тафаққуд намуда, ба онҳо нон додааст;


Ва онҳо бомдодон бармаҳал бархоста, ба ҳузури Худованд ибодат карданд, ва баргашта, ба хонаи худ ба Ромо омаданд; ва Элқоно бо зани худ Ҳанно хобид, ва Худованд варо ба ёд овард.


Ҳақиқатан Худованд Ҳанноро тафаққуд намуд, ва ӯ ҳомила шуда, се писар ва ду духтар зоид; ва Самуили амрад ба ҳузури Худованд калон мешуд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan