Ва акнун занро ба шавҳараш баргардон: зеро ки ӯ пайғамбар аст, ва барои ту дуо хоҳад гуфт, ва ту зинда хоҳӣ монд; вале агар барнагардонӣ, бидон, ки ту ва ҳар кӣ аз они туст, ҳатман хоҳед мурд».
Ва ӯ боз хоби дигаре дид, ва онро ба бародарони худ нақл карда, гуфт: «Инак, боз хобе дидам, ва инак, офтоб ва моҳ ва ёздаҳ ситорагон ба ман саҷда карданд».