2 Ва Иброҳим дар ҳаққи зани худ Соро гуфт: «Ӯ хоҳари ман аст». Ва Абималик подшоҳи Ҷарор одам фиристода, Сороро гирифт.
Ва акобири фиръавн варо диданд, ва дар ҳузури фиръавн варо ситоиш карданд; ва ин зан ба хонаи фиръавн гирифта оварда шуд.
Ва дар ҳақиқат низ вай хоҳари ман аст: духтари падарам, аммо на духтари модарам; ва зани ман шуд.
Ва воқеъ шуд дар он замон, ки Абималик бо Фикӯл, ки сипаҳсолори ӯ буд, ба Иброҳим рӯ оварда, гуфт: «Дар ҳар коре ки мекунӣ, Худо бо туст;
Ва қаҳтие дар он замин рӯй дод, ба замми он қаҳтии аввал, ки дар айёми Иброҳим рӯй дода буд; ва Исҳоқ назди Абималик подшоҳи фалиштиён ба Ҷарор рафт.
Ва Абималик ба Исҳоқ гуфт: «Аз назди мо бирав, зеро ки аз мо хеле пурзӯртар шудаӣ».
Ва мардуми он макон аз ӯ дар бораи занаш пурсиданд, ва ӯ гуфт: «Вай хоҳари ман аст», зеро тарсид бигӯяд: «Зани ман аст», мабодо, гуфт ба дилаш, мардуми ин ҷо маро аз барои Ривқо бикушанд, чунки вай хушрӯй аст.
Ва Еҳу ибни Ҳанонии ғайбгӯй ба истиқболи ӯ берун омад, ва ба подшоҳ Еҳӯшофот гуфт: «Оё туро сазад, ки ба шарире ёварӣ намоӣ, ва душманони Худовандро дӯст дорӣ? Аз ин сабаб бар ту ғазабе аз ҷониби Худованд ба вуҷуд омадааст.
Ва Элиозар ибни Дӯдовоҳу, ки аз Морешо буд, дар ҳаққи Еҳӯшофот нубувват намуда, гуфт: «Азбаски бо Аҳазьё шарик шудӣ, Худованд кори туро вайрон хоҳад кард». Ва киштиҳо дарҳам шикаста, ба Таршиш натавонистанд бираванд.
Ва ҳамчунин дар масъалаи элчиёни сарварони Бобил, ки назди ӯ фиристода шуда буданд, то аз аломате ки дар замин зоҳир шуда буд, пурсон кунанд, Худо ӯро тарк кард, то ки ӯро имтиҳон намуда, ҳар чиро, ки дар дилаш буд, бидонад.
Зеро ки одил ҳафт маротиба афтад ҳам, мехезад, вале шарирон гирифтори бало мешаванд.
Тарсончакии одам ба дом меоварад, вале касе ки ба Худованд таваккал кунад, аз хатар эмин аст.
Чунин аст ҳоли касе ки назди зани ёри худ биёяд: ҳар кӣ ба вай даст расонад, пок нахоҳад монд.
Дар асл одами одиле дар рӯи замин нест, ки некӣ кунад ва хатое содир нанамояд.
Бинобар ин, кизбро аз худ дур карда, ҳар яке ба ёри худ рост гӯед, чунки мо андоми яқдигарем.
Ба якдигар дурӯғ нагӯед, дар ҳолате ки одами кӯҳнаро бо аъмоли вай аз худ дур кардаед