1 Ва Иброҳим аз он ҷо сӯи замини ҷанубӣ кӯч кард, ва дар миёни Қодеш ва Шур маскан гирифт, ва дар Ҷарор манзил кард.
Ва ҳудуди канъониён аз Сидӯн ба самти Ҷарор то Ғазза буд ва ба самти Садӯм, Амӯро, Адмо ва Сабӯим то Лошаъ.
Ва Абром рахт баста, ба самти ҷануб роҳ паймудан гирифт.
Ва Абром аз Миср рахт баста, бо занаш, ва бо ҳар чизе ки дошт, ва бо ҳамроҳии Лут ба ҷануб омад.
Ва баргашта, ба чашмаи Мишфот, ки ҳамон Қодеш бошад, омаданд ва тамоми дашти Амолеқро, ва амӯриёнро низ, ки дар Ҳассун‐Томор сокин буданд, шикаст доданд.
Ва Сорай, зани Абром, ба вай фарзанд наовард, ва ӯро Ҳоҷар ном канизи мисрие буд.
Аз ин сабаб он чоҳ Беэр‐лаҳай‐рӯӣ ном дорад, ки дар миёни Қодеш ва Борад воқеъ аст.
Ва фариштаи Худованд варо назди чашмаи об дар биёбон, яъне чашмае ки ба роҳи Шур мебошад, ёфт.
Ва Худованд дар булутзори Мамре бар ӯ зоҳир гардид, вақте ки ӯ дар гармои рӯз ба дари хайма нишаста буд.
Ва Иброҳим дар замини фалиштиён айёми зиёд чун мусофире зиндагӣ кард.
Ва Исҳоқ аз Беэр‐лаҳай‐рӯӣ омад; зеро ки ӯ дар замини ҷануб иқомат дошт.
Ва онҳо аз Ҳавило то Шур, ки пеши Миср ба самти Ашшур воқеъ аст, иқомат доштанд; ҷудо аз ҳамаи бародарони худ маскан гирифта буданд.
Ва қаҳтие дар он замин рӯй дод, ба замми он қаҳтии аввал, ки дар айёми Иброҳим рӯй дода буд; ва Исҳоқ назди Абималик подшоҳи фалиштиён ба Ҷарор рафт.
Ва чӯпонҳои Ҷарор бо чӯпонҳои Исҳоқ ҷанҷол карда, гуфтанд: «Ин об аз они мост». Ва ӯ он чоҳро Эсак номид, зеро ки бо ӯ баҳс карданд.
Ва Абималик ҳамроҳи Аҳузат, ки яке аз ёронаш буд, ва Фикӯл, ки сипаҳсолораш буд, аз Ҷарор назди ӯ омад.
Ва Исҳоқ дар Ҷарор маскан гирифт.
Худовандо! Бо ҳусни таваҷҷӯҳи Худ кӯҳи маро қувват бахшидӣ, аммо чун рӯи Худро пинҳон кардӣ, ҳаросон шудам.
Ва Мусо Исроилро аз канори баҳри Қулзум бурд, ва онҳо ба биёбони Шур баромаданд; ва се рӯз дар биёбон роҳ паймуданд, вале обе пайдо накарданд.
Ва раҳсипор шуда, назди Мусо ва Ҳорун ва тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил ба биёбони Форон, ба Қодеш расиданд, ва ба онҳо ва тамоми ҷамоат хабар оварданд, ва меваи заминро ба онҳо нишон доданд.
Ва мо сӯи Худованд фиғон кашидем, ва Ӯ овози моро шунид, ва элчие фиристода, моро аз Миср берун овард, ва инак, мо дар Қодеш мебошем, ки шаҳрест дар канори ҳудуди ту.
Ва мо аз Ҳӯриб кӯч карда, тамоми ин биёбони бузург ва даҳшатангезро, ки шумо дидед, ба самти кӯҳистони амӯриён тай намудем, чунон ки Худованд Худои мо ба мо амр фармуда буд, ва ба Қодеш‐Барнеа расидем.
Аз боиси он ки шумо андаруни банӣ‐Исроил, назди обҳои Мерибо, дар биёбони Син ба ман имон наовардед; аз боиси он ки шумо Маро андаруни банӣ‐Исроил тақдис накардед.
Ва Шоул Амолеқро аз Ҳавило то роҳи самти Шур, ки пеш аз Миср аст, торумор намуд.