Ва Худованд Худо гуфт: «Инак, Одам мисли яке аз Мо орифи неку бад гардидааст; ва акнун мабодо дасти худро дароз кунад, ва аз дарахти ҳаёт низ гирифта хӯрад, ва то абад зинда монад».
Ва ҳол он ки ту ба шарорати худ умед баста, гуфтӣ: «Касе нест, ки маро бинад». Ҳикматат ва донишат туро гумроҳ кард, ва ту дар дили худ гуфтӣ: «Ман ҳастам, ва ғайр аз ман дигаре нест!»
Ва бар соҳили наҳр, аз ин тараф ва аз он тараф, ҳар навъ дарахтони ғизоовар хоҳанд рӯид; баргҳои онҳо пажмурда нахоҳад шуд, ва меваи онҳо тамомият нахоҳад дошт: ҳар моҳ меваи тоза пайдо хоҳад шуд, зеро ки оби он аз маъбад ҷорӣ мешавад; меваи онҳо барои хӯрок ва баргҳои онҳо барои даво хоҳад буд».