Ва Худо онҳоро баракат дод, ва Худо ба онҳо гуфт: «Борвар ва афзун шавед, ва заминро пур кунед, ва онро тасарруф намоед, ва бар моҳиёни баҳр ва бар паррандагони осмон ва бар ҳар ҳайвоне ки бар замин мехазад, ҳукмрон бошед».
Гуфт: «Эй Худованд Худои падарони мо! Ту, охир, Худо дар осмон ҳастӣ, ва Ту бар ҳамаи мамлакатҳои қавмҳо салтанат меронӣ, ва қувват ва иқтидор дар дасти Туст, ва касе нест, ки тавонад пеши Ту истодагӣ намояд.
Юҳанно ба ҳафт калисое ки дар вилояти Осиё мебошанд: файз ва осоиштагӣ бар шумо бод аз ҷониби Ӯ, ки ҳаст ва буд ва хоҳад омад, ва аз ҷониби ҳафт рӯҳе ки дар пеши тахти Ӯ ҳастанд,
Ва гуфтанд: «Туро шукр мегӯем, эй Худованд Худои Қодири Мутлақ, ки Ту ҳастӣ ва будӣ ва хоҳӣ омад, ва Ту бар тибқи қуввати бузурги Худ амал карда, бар тахти салтанат нишастӣ.