3 Ва Худо рӯзи ҳафтумро баракат дод, ва онро тақдис намуд, зеро ки дар он ором гирифт аз ҳамаи корҳои Худ, ки Худо офарид ва ба вуҷуд овард.
Ва Худо ҳар он чиро, ки ба амал овард, дид, ва инак, хеле хуб аст. Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи шашум.
Ва Худо корҳои Худро, ки карда буд, то рӯзи ҳафтум анҷом дод, ва дар рӯзи ҳафтум аз ҳамаи корҳои Худ, ки карда буд, ором гирифт.
Ин аст пайдоиши осмон ва замин, дар ҳини офариниши онҳо, дар рӯзе ки Худованд Худо замин ва осмонро ба вуҷуд овард,
Ва шанбеи муқаддаси Худро ба онҳо маълум кардӣ, ва аҳкому фароизу қонунҳо ба воситаи бандаи Худ Мусо ба онҳо амр фармудӣ.
Шаш рӯз корҳои худро ба ҷо овар, ва дар рӯзи ҳафтум ором гир, то ки говат ва харат фароғат ёбад, ва писари канизат ва ғариб истироҳат кунанд.
Шаш рӯз кор кун, ва дар рӯзи ҳафтум истироҳат намо; дар мавсими шудгор ва дарав низ истироҳати шанберо риоят намо.
Баракати Худованд сарватманд мекунад, ва ғаму ғуссае бо худ намеоварад.
Ва шанбеҳои Худро низ ба онҳо бахшидам, то аломате дар миёни Ман ва онҳо бошад, ва онҳо бидонанд, ки Ман, ки Худованд ҳастам, онҳоро тақдис менамоям.
Шаш рӯз кор бояд кард, ва дар рӯзи ҳафтум шанбеи оромӣ, ҷамъомади муқаддас мебошад; ҳеҷ кор накунед; он дар ҳамаи масканҳои шумо шанбе барои Худованд аст.
Ба онҳо гуфт: «Шанбе барои инсон муқаррар шудааст, на инсон барои шанбе;
Ва чун баргаштанд, ҳанут ва равғани атрафшон тайёр карданд; ва рӯзи шанбе, мувофиқи ҳукми шариат, истироҳат карданд.