2 Ва Худо корҳои Худро, ки карда буд, то рӯзи ҳафтум анҷом дод, ва дар рӯзи ҳафтум аз ҳамаи корҳои Худ, ки карда буд, ором гирифт.
Ва Худо ҳар он чиро, ки ба амал овард, дид, ва инак, хеле хуб аст. Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи шашум.
Ва Худо рӯзи ҳафтумро баракат дод, ва онро тақдис намуд, зеро ки дар он ором гирифт аз ҳамаи корҳои Худ, ки Худо офарид ва ба вуҷуд овард.
Шаш рӯз корҳои худро ба ҷо овар, ва дар рӯзи ҳафтум ором гир, то ки говат ва харат фароғат ёбад, ва писари канизат ва ғариб истироҳат кунанд.
Шаш рӯз бигзор кор карда шавад, ва дар рӯзи ҳафтум шанбеи оромии комил аст, ки муқаддас барои Худованд аст; ҳар кӣ дар рӯзи шанбе кор кунад, бигзор кушта шавад.
Он дар миёни Ман ва банӣ‐Исроил аломати абадист, зеро ки Худованд дар шаш рӯз осмон ва заминро офарид, ва дар рӯзи ҳафтум ором гирифта, фароғат намуд“».
Агар пои худро ба хотири шанбе аз иҷрои корубори худ дар рӯзи муқаддаси Ман боздорӣ, ва шанберо ҳаловат, ва рӯзи муқаддаси Худовандро мӯҳтарам бихонӣ, ва онро эҳтиром намоӣ бе он ки ба роҳҳои худ равона шавӣ, коруборе барои худ пайдо кунӣ ва дар ин хусус суханони беҳуда ронӣ, —
Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Падари Ман то кунун кор мекунад, ва Ман низ кор мекунам».
Вале рӯзи ҳафтум шанбеи Худованд Худои туст; дар он ҳеҷ кор накун, — худат ва писарат, ва духтарат, ва ғуломат, ва канизат, ва говат ва харат, ва тамоми чорпоят, ва ғарибат, ки андаруни шаҳри туст, то ки ғуломат ва канизат мисли ту ором гиранд.
Зеро, касе ки ба оромии Ӯ дохил шудааст, худаш низ аз корҳои худ ором гирифтааст, чунон ки Худо аз корҳои Худ.
Зеро ки дар ҷое дар бораи рӯзи ҳафтум чунин гуфта шудааст: «Ва Худо дар рӯзи ҳафтум аз ҳамаи корҳои Худ ором гирифт».