Танҳо Ту Худованд ҳастӣ, Ту осмон, фалакулафлок ва тамоми лашкари онҳоро, замин ва ҳар чиро, ки бар он аст, баҳрҳо ва ҳар чиро, ки дар онҳост, ба вуҷуд овардаӣ, ва Ту ба ҳамаи онҳо ҳаёт мебахшӣ, ва лашкари афлок ба Ту саҷда мекунанд.
Зеро ки дар шаш рӯз Худованд осмон ва замин, ва баҳр, ва ҳар он чиро, ки дар онҳост, ба вуҷуд овард, ва дар рӯзи ҳафтум ором гирифт; бинобар ин Худованд рӯзи шанберо муборак хонд ва онро тақдис намуд.
Ва тамоми лашкари осмон фано хоҳад шуд, ва осмон мисли тӯморе хоҳад печид, ва тамоми лашкари он бетароват гардида, фурӯ хоҳад ғалтид, мисли барги ток, ки пажмурда шуда мерезад, ва мисли меваи хом аз дарахти анҷир.
Худованд Худо, ки афлокро офарида, барафроштааст, заминро бо ҳар чи аз он ба вуҷуд меояд, густурдааст, ба қавме ки дар он ҳастанд, нафасро, ва ба махлуқоте ки дар он қадамгузор мебошанд, рӯҳро бахшидааст, чунин мегӯяд:
Ва он устухонҳоро пеши офтоб ва моҳ ва тамоми лашкари осмон, ки онҳоро дӯст медоштанд, ва ибодат ва пайравӣ ва ҷустуҷӯ намуда, пеши онҳо саҷда мекарданд, паҳн хоҳанд кард; он устухонҳо ҷамъ оварда ва дафн карда нахоҳад шуд, балки мисли ахлоте бар рӯи замин хоҳад буд.
Чун инро шуниданд, овози худро якдилона сӯи Худо баланд карда, гуфтанд: «Эй Парвардигор, эй Офаридагори осмон ва замин ва баҳр ва ҳар он чи дар онҳост!
Ва мабодо чашмонатро сӯи осмон баланд кунӣ, ва офтоб ва моҳ ва ситорагонро, яъне тамоми лашкари осмонро дида, фирефта шавӣ ва ба онҳо саҷда бурда, онҳоро ибодат намоӣ, ва ҳол он ки онҳоро Худованд Худои ту насибаи ҳамаи қавмҳое ки зери тамоми осмонанд, гардонидааст, —