Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳастӣ 19:5 - Китоби Муқаддас 1992 1999

5 Ва Лутро ҷеғ зада, гуфтанд: «Куҷоянд он касоне ки имшаб назди ту омаданд? Онҳоро назди мо берун овар, то ки бо онҳо бихобем».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳастӣ 19:5
23 Iomraidhean Croise  

Ва Лут назди онҳо дар пеши остона берун омад, ва дарро аз ақиби худ бибаст,


Ва ливотагарон низ дар ин кишвар буданд: онҳо ҳамаи корҳои зишти халқҳоеро, ки Худованд аз пеши банӣ‐Исроил бадар ронда буд, ба ҷо меоварданд.


Ва бақияи ливотагаронро, ки дар айёми падараш Осо боқӣ монда буданд, аз рӯи замин маҳв кард.


Агар Худованди лашкарҳо бақияи андаке барои мо намегузошт, мо мисли Садӯм мешудем ва ба Амӯро монандӣ медоштем.


Ифодаи рӯйҳои онҳо бар зидди худашон гувоҳӣ медиҳад, ва онҳо дар бораи гуноҳи худ мисли мардуми Садӯм ошкоро сухан меронанд, ва онро пинҳон намедоранд. Вой бар ҷони онҳо! Зеро ки худашон ба сари худ бадӣ меоваранд.


Ва боришҳо боздошта шуд, борони баҳорӣ ҳам наборид; вале туро пешонии зани фоҳишае буд, — ту шарму ҳаёро аз худ дур кардӣ.


Оё онҳо шарм медоранд, вақте ки корҳои зишт мекунанд? Не, шарм ҳам надоранд, аз ҳаё ҳам бехабаранд; бинобар ин дар миёни афтодагон хоҳанд афтод, ва дар рӯзе ки онҳоро доварӣ намоям, пешпо хоҳанд хӯрд», — мегӯяд Худованд.


Инак, гуноҳи хоҳарат Садӯм аз ин иборат буд: кибриё, фаровонии нон ва фароғати комил барои вай ва духтаронаш буд, вале мискину бенаворо вай дастгирӣ накард.


Ва онҳо гирифтори ғурур гардида, пеши Ман корҳои зишт карданд, ва инро дида, онҳоро маҳв намудам.


Ва Сомария нисфи гуноҳҳои туро содир нанамудааст, ва ту корҳои зишти худро аз онҳо зиёд кардӣ, ва бо ҳамаи корҳои зишти худ, ки ба амал овардӣ, хоҳаронатро сафед намудӣ.


Ва бо мард мисли зан ҷимоъ накун; ин кори зишт аст.


Ва касе ки бо марде бихобад, мисли он ки бо зан мехобанд, — ҳар дуяшон кори зиште кардаанд; бигзор онҳо кушта шаванд, хунашон бар гардани онҳост.


Оё намедонед, ки золимон вориси Малакути Худо намешаванд? Фирефта нашавед: на зинокорон, на бутпарастон, на фосиқон, на бачабозон, на ливотагарон,


Набояд аз духтарони Исроил фоҳишае бошад, ва аз писарони Исроил набояд ливотагаре бошад.


Барои зинокорон, ливотагарон, одамдуздон, дурӯғгӯён, савгандшиканон ва барои ҳар амале ки бар хилофи таълимоти солим аст,


Вале одамони бад ва фиребгарон боз ҳам бадтар гардида, дигаронро гумроҳ хоҳанд кард ва худашон гумроҳ хоҳанд шуд.


Ва бисьёр касон фисқу фуҷури онҳоро пайравӣ хоҳанд кард, ва ба василаи онҳо роҳи ростӣ гирифтори таҳқир хоҳад шуд.


Ва Лути одилро, ки аз рафтори фосиқонаи шарирон ба танг омада буд, раҳо кард, —


Ҳамчунин Садӯм ва Амӯро ва шаҳрҳои атрофашон, ки ба ҳамин тарз ба зино дода шуда, аз паи инҳирофоти дигар афтода буданд, гирифтори ҷазои оташи абадӣ гардида, ҳамчун тимсол муқаррар карда шуданд.


Ҳангоме ки онҳо дили худро шод мекарданд, инак, мардуми шаҳр, шахсони сафилзода, хонаро иҳота намуда, дари онро сахт кӯфтанд, ва ба он пирамарди соҳибхона сухан ронда, гуфтанд: «Он мардро, ки ба хонаи ту даромадааст, берун ор, то ки бо ӯ бихобем».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan