4 Ҳанӯз ба хоб нарафта буданд, ки сокинони шаҳр, мардони Садӯм, аз ҷавон то пир, тамоми халқ аз ҳар ҷониб хонаро иҳота карданд.
Лекин мардуми Садӯм бағоят шарир ва пеши Худованд гуноҳкор буданд.
Ва Худованд гуфт: «Фиғон аз дасти Садӯм ва Амӯро бисьёр шудааст, ва гуноҳашон бағоят гарон шудааст.
Ва тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил дар биёбон аз Мусо ва Ҳорун шикоят карданд.
Аксариятро дар роҳи бадкорӣ пайравӣ накун, ва дар мурофиа бар хилофи виҷдони худ шаҳодат надеҳ, то ки моил ба аксарият шуда, ба каҷкорӣ сабаб гардӣ.
Чунки, агар бадӣ накунанд, хобашон намебарад, ва агар касеро пешпо надиҳанд, хобашон мегурезад,
Диле ки қасдҳои бадро мепарварад, пойҳое ки сӯи бадӣ мешитобад,
Анбиё бардурӯғ нубувват менамоянд, ва коҳинон бо ёрии онҳо ҳукмронӣ мекунанд, ва қавми Ман инро дӯст медоранд. Ва шумо дар охири ин чӣ хоҳед кард?
Ҳар ду дасташонро ба бадӣ кардан нағз одат кунонидаанд: сарвар ришва металабад, ва довар ба бадали музд амал мекунад, ва шахси олиҷоҳ иштиёқи нафси худро баён менамояд, ва ҳама каҷкорӣ мекунанд.
Пойҳошон барои хунрезӣ шитобон аст;
Ҳангоме ки онҳо дили худро шод мекарданд, инак, мардуми шаҳр, шахсони сафилзода, хонаро иҳота намуда, дари онро сахт кӯфтанд, ва ба он пирамарди соҳибхона сухан ронда, гуфтанд: «Он мардро, ки ба хонаи ту даромадааст, берун ор, то ки бо ӯ бихобем».