Ва рӯзе чунин воқеъ шуд, ки Элишоъ аз Шунем гузар мекард, ва дар он ҷо зани сарватманде буд, ва аз ӯ бисьёр хоҳиш намуд, ки нон бихӯрад; ва ҳар бор, ки ӯ гузар мекард, ба он ҷо медаромад, ки нон бихӯрад.
Ҳафт рӯз фатир бихӯред; аммо дар арафаи рӯзи якум хамиртурушро аз хонаҳои худ нест кунед, зеро ҳар кӣ аз рӯзи якум то рӯзи ҳаштум хамири турушшудае бихӯрад, он кас аз миёни Исроил маҳв хоҳад шуд.
Ва аз хамире ки аз Миср берун оварда буданд, кулчаҳои фатир пухтанд, зеро ки он туруш нашуда буд, чунки аз Миср ронда шуда буданд, ва натавонистанд даранг кунанд, ва тӯшае низ барои худ тайёр накарда буданд.
Ва Ҷидъӯн рафта, таом аз гӯшти бузғола ва фатир аз як эфа орд тайёр кард, гӯштро дар сабад ва шӯрборо дар коса андохт, ва зери дарахти писта оварда, пеши Ӯ монд.