2 Ва гуфт: «Эй оғоёни ман! Ба хонаи бандаи худ биёед, ва шабро гузаронед, ва пойҳои худро бишӯед, ва бомдодон бархоста, роҳи худро пеш гиред». Вале гуфтанд: «Не, шабро дар кӯча мегузаронем».
Андак об биёваранд, то ки пойҳои худро шуста, зери дарахт фароғат кунед.
Ва он ду фаришта бегоҳирӯзӣ ба Садӯм омаданд, ва Лут назди дарвозаи Садӯм нишаста буд. Ва чун Лут онҳоро дид, ба пешвози онҳо бархост, ва рӯй бар замин ниҳода, саҷда кард.
Ва чун онҳоро бисьёр илтиҷо намуд, назди ӯ равона шуда, ба хонааш даромаданд. Ва ӯ онҳоро зиёфат дод, ва фатир пухт; ва онҳо тановул карданд.
Ва гуфт: «Биё, эй мубораки Худованд! Чаро дар берун истодаӣ? Ман хонаро, ва манзиле барои шутурон муҳайё кардам».
Ва он мард ин одамонро ба хонаи Юсуф дароварда, об дод, ва онҳо пойҳои худро шустанд; ва хӯрок ба харони онҳо дод.
Ва Довуд ба Уриё гуфт: «Ба хонаи худ рафта, пойҳоятро бишӯй». Ва Уриё аз хонаи подшоҳ берун рафт, ва аз қафояш инъом аз суфраи подшоҳ фиристода шуд.
Дар сурате ки ғарибе шабро дар кӯча намегузаронд: дарҳои худро барои роҳгузар мекушодам;
Пои худро аз зуд‐зуд рафтан ба хонаи ёри худ нигоҳ дор: мабодо аз дидори ту сер шуда, аз ту нафрат кунад.
Пероҳанамро кашидаам; чӣ гуна онро бипӯшам? Пойҳоямро шустаам; чӣ гуна онҳоро чиркин кунам?
Ва ба тарафи зан рӯ гардонда, ба Шимъӯн гуфт: «Оё ин занро мебинӣ? Ман ба хонаи ту омадам, ва ту об барои пойҳоям надодӣ; аммо вай пойҳои Маро бо ашкаш шуста, бо мӯйҳои сараш хушконид.
Баъд аз он ба тағорае об рехта, ба шустани пойҳои шогирдонаш ва хушконидани онҳо бо дастмоле ки ба камараш баста буд, шурӯъ намуд.
Вақте ки ӯ ва аҳли байташ таъмид гирифтанд, хоҳиш карда, гуфт: «Агар шумо яқин дониста бошед, ки ман ба Худованд имон овардаам, ба хонаи ман омада, иқомат кунед». Ӯ он қадар исрор кард, ки мо розӣ шудем.
Меҳмоннавозиро фаромӯш накунед, зеро ки ба воситаи он баъзе касон, нодониста, фариштагонро меҳмоннавозӣ кардаанд.