1 Ва он ду фаришта бегоҳирӯзӣ ба Садӯм омаданд, ва Лут назди дарвозаи Садӯм нишаста буд. Ва чун Лут онҳоро дид, ба пешвози онҳо бархост, ва рӯй бар замин ниҳода, саҷда кард.
Ва ин аст насаби Тораҳ: Тораҳ Абром, Ноҳӯр ва Ҳоронро ба дуньё овард. Ҳорон Лутро ба дуньё овард.
Абром дар замини Канъон сокин шуд; ва Лут дар шаҳрҳои водӣ сокин шуд, ва хаймаҳои худро то Садӯм барафрошт.
Ва он мардон аз он ҷо бархоста, сӯи Садӯм назар дӯхтанд, ва Иброҳим ҳамроҳашон равона шуд, то ки онҳоро гусел кунад.
Ва мардон аз он ҷо сӯи Садӯм рӯй ниҳода рафтанд; вале Иброҳим ҳанӯз пеши Худованд истода буд.
Вале он мардон дастҳои худро дароз карда, Лутро назди худ ба хона дароварданд, ва дарро бастанд.
Ва гуфт: «Эй оғоёни ман! Ба хонаи бандаи худ биёед, ва шабро гузаронед, ва пойҳои худро бишӯед, ва бомдодон бархоста, роҳи худро пеш гиред». Вале гуфтанд: «Не, шабро дар кӯча мегузаронем».
Ва Иброҳим пеши мардуми он замин таъзим намуд,
Ва Юсуф онҳоро аз миёни ду зонуи ӯ берун овард, ва рӯй ба замин ниҳода, ба ӯ саҷда кард.
Ҳангоме ки ман ба дарвозаи шаҳр мебаромадам, ва нишастгоҳи худро дар майдон муҳайё менамудам, —
Дар сурате ки ғарибе шабро дар кӯча намегузаронд: дарҳои худро барои роҳгузар мекушодам;
Ва чӣ тавре ки дар айёми Лут буд: мехӯрданд, менӯшиданд, мехариданд, мефурӯхтанд, мекоштанд, иморат мекарданд;
Меҳмоннавозиро фаромӯш накунед, зеро ки ба воситаи он баъзе касон, нодониста, фариштагонро меҳмоннавозӣ кардаанд.
Бӯаз назди дарвоза омад, ва он ҷо нишаст. Ва инак, он фидиягузор, ки Бӯаз дар бораи ӯ сухан ронда буд, гузашт. Гуфт: «Эй фалону беҳмадон, баргашта, ин ҷо бинишин». Ӯ баргашта, нишаст.