2 Ва чашм андохта, дид, ки инак, се мард дар рӯ ба рӯяш истодаанд. Чун онҳоро дид, аз дари хайма ба пешвози онҳо шитофт, ва то замин саҷда кард.
Ва Абром бар рӯи худ афтод, ва Худо суханашро ба ӯ давом дода, гуфт:
Ва он мардон аз он ҷо бархоста, сӯи Садӯм назар дӯхтанд, ва Иброҳим ҳамроҳашон равона шуд, то ки онҳоро гусел кунад.
Ва мардон аз он ҷо сӯи Садӯм рӯй ниҳода рафтанд; вале Иброҳим ҳанӯз пеши Худованд истода буд.
Ва гуфт: «Эй оғои ман! Агар дар назари Ту илтифот ёфта бошам, аз пеши бандаи Худ нагузар.
Ва он ду фаришта бегоҳирӯзӣ ба Садӯм омаданд, ва Лут назди дарвозаи Садӯм нишаста буд. Ва чун Лут онҳоро дид, ба пешвози онҳо бархост, ва рӯй бар замин ниҳода, саҷда кард.
Ва Иброҳим пеши мардуми он замин таъзим намуд,
Ва Иброҳим бархоста, ба мардуми он замин, яъне ба фарзандони Ҳит таъзим намуд,
Ва қариби шом Исҳоқ барои гаштугузор ба саҳро баромад; ва чашм андохта, дид, ки шутурон меоянд.
Ва Яъқуб танҳо монд. Ва касе бо ӯ то дамидани субҳ гӯштин гирифт;
Ва Юсуф ҳокими он замин буд; ва ба тамоми қавми он замин ғалла мефурӯхт. Вақте ки бародарони Юсуф омаданд, рӯй ба замин ниҳода, ба ӯ саҷда карданд.
Вақте ки Юсуф ба хона омад, дастовезро, ки дар дасти онҳо буд, пеши ӯ ба хона оварданд, ва то замин ба ӯ саҷда карданд.
Гуфтанд: «Ғуломат, падари мо, саломат аст, ҳанӯз дар қайди ҳаёт аст». Ва онҳо таъзим карданд ва саҷда бурданд.
Вақте ки Яҳудо ва бародаронаш ба хонаи Юсуф омаданд, ӯ ҳанӯз он ҷо буд, ва пеши ӯ бар замин афтоданд.
Ва Юсуф онҳоро аз миёни ду зонуи ӯ берун овард, ва рӯй ба замин ниҳода, ба ӯ саҷда кард.
Ва банӣ‐анбиёе ки дар Ериҳӯ дар рӯ ба рӯяш буданд, ӯро дида, гуфтанд: «Рӯҳи Ильёс бар Элишоъ қарор гирифтааст». Ва ба истиқболи ӯ омада, ба ӯ то замин таъзим карданд.
Дар рафъи эҳтиёҷоти муқаддасон иштирок кунед; дар меҳмоннавозӣ бикӯшед.
Меҳмоннавозиро фаромӯш накунед, зеро ки ба воситаи он баъзе касон, нодониста, фариштагонро меҳмоннавозӣ кардаанд.
Ва ҳангоме ки Еҳушаъ назди Ериҳӯ буд, ӯ чашмонашро боло бардошта, нигарист, ва инак, марде дар рӯ ба рӯи ӯ истодааст, ва шамшери бараҳна дар дасти вай аст; ва Еҳушаъ назди вай омада, ба вай гуфт: «Оё ту аз мо ҳастӣ ё аз душманони мо?»
Якдигарро бешикваю шикоят меҳмоннавозӣ кунед;
Ва фариштаи Худованд ба он зан зоҳир шуда, гуфт: «Инак, ту безуриёт ҳастӣ ва намезоӣ; вале ҳомила шуда, писаре хоҳӣ зоид.
Вай бар рӯи худ афтода, то ба замин таъзим кард ва ба ӯ гуфт: «Чаро дар назарат илтифот ёфтаам, ки маро бишиносӣ, ва ҳол он ки ман аҷнабизане ҳастам?»