Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳастӣ 18:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Ва Худованд дар булутзори Мамре бар ӯ зоҳир гардид, вақте ки ӯ дар гармои рӯз ба дари хайма нишаста буд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳастӣ 18:1
17 Iomraidhean Croise  

Ва Худованд бар Абром зоҳир гардида, гуфт: «Ба насли ту ин заминро медиҳам». Ва дар он ҷо барои Худованд, ки бар ӯ зоҳир шуд, қурбонгоҳе бино кард.


Ва Абром хаймаи худро кӯчонда, равона шуд ва дар булутзори Мамре, ки дар Ҳебрӯн аст, маскан гирифт; ва дар он ҷо қурбонгоҳе барои Худованд бино кард.


Ва гурезае омада, ба Аброми ибрӣ хабар дод, ва ӯ дар булутзори Мамреи амӯрӣ, ки бародари Ашкӯл ва бародари Онер буд, истиқомат дошт, ва онҳо иттифоқчиёни Абром буданд.


Баъд аз ин ҳодисаҳо каломи Худованд дар рӯъё ба Абром расида, гуфт: «Натарс, эй Абром; Ман сипари ту ҳастам; музди ту бағоят бузург аст».


Ва Худо сухан гуфтанро бо ӯ бас карда, аз пеши Иброҳим сууд намуд.


Ва мардон аз он ҷо сӯи Садӯм рӯй ниҳода рафтанд; вале Иброҳим ҳанӯз пеши Худованд истода буд.


Ва Иброҳим аз он ҷо сӯи замини ҷанубӣ кӯч кард, ва дар миёни Қодеш ва Шур маскан гирифт, ва дар Ҷарор манзил кард.


Ва Худованд бар ӯ зоҳир гардида, гуфт: «Ба Миср нарав, балки дар замине ки ба ту бигӯям, маскан гир.


Ва Яъқуб назди падари худ Исҳоқ ба Мамре, ба Қирьяи Арбаъ, ки ҳамон Ҳебрӯн бошад, омад, ки он ҷо Иброҳим ва Исҳоқ дар мусофират буданд.


Ва Яъқуб ба Юсуф гуфт: «Худои Қодир дар Луз, дар замини Канъон, бар ман зоҳир гардида, маро баракат дод,


Дар ҳамон шаб Худо ба Сулаймон зоҳир шуд, ва ба ӯ гуфт: «Талаб намо, чӣ чизе ба ту бидиҳам».


Ва Мусо ҷавоб дода, гуфт: «Валекин онҳо ба ман бовар нахоҳанд кард, ва ба овози ман гӯш нахоҳанд дод, зеро ки хоҳанд гуфт: „Худованд ба ту зоҳир нашудааст“».


Ба ҷавоб гуфт: «Эй бародарон ва эй падарон, гӯш кунед! Худои Зулҷалол ба падари мо Иброҳим, вақте ки ӯ дар Байнаннаҳрайн буд, яъне пеш аз он ки ба Ҳоррон муҳоҷират кунад, зоҳир шуд


Бо имон ӯ дар замини мавъуд, мисли замини бегона, ғарибона маскан гирифт, ва бо Исҳоқ ва Яъқуб, ки ҳамирсони ҳамон ваъда буданд, дар хаймаҳо зиндагӣ кард;


Меҳмоннавозиро фаромӯш накунед, зеро ки ба воситаи он баъзе касон, нодониста, фариштагонро меҳмоннавозӣ кардаанд.


Ва ҳангоме ки Еҳушаъ назди Ериҳӯ буд, ӯ чашмонашро боло бардошта, нигарист, ва инак, марде дар рӯ ба рӯи ӯ истодааст, ва шамшери бараҳна дар дасти вай аст; ва Еҳушаъ назди вай омада, ба вай гуфт: «Оё ту аз мо ҳастӣ ё аз душманони мо?»


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan