Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳастӣ 17:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Ва Абром бар рӯи худ афтод, ва Худо суханашро ба ӯ давом дода, гуфт:

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳастӣ 17:3
17 Iomraidhean Croise  

Ва Иброҳим бар рӯи худ афтода, хандид ва дар дили худ гуфт: «Наход ки аз марди садсола бача шавад, ва Соро дар навадсолагӣ бизояд?»


Ва чашм андохта, дид, ки инак, се мард дар рӯ ба рӯяш истодаанд. Чун онҳоро дид, аз дари хайма ба пешвози онҳо шитофт, ва то замин саҷда кард.


Ва тамоми қавм инро диданд, ва бар рӯи худ афтода, гуфтанд: «Худованд Худост! Худованд Худост!»


Ва гуфт: «Ман Худои падарат ҳастам, Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб». Ва Мусо рӯи худро пӯшонид, зеро ки аз нигоҳ кардан ба Худо тарсид.


Чунон ки намуди рангинкамон дар абр дар рӯзи борон мешавад, намуди дурахш гирдогирдаш ончунон буд; ин — намуди сурати ҷалоли Худованд буд; ва ҳамин ки онро дидам, бар рӯи худ афтодам, ва овози Ӯро шунидам, ки сухан меронд.


Ва ман бархоста, сӯи даштрӯя равона шудам, ва инак дар он ҷо ҷалоли Худованд, мисли ҷалоле ки назди наҳри Кабар дида будам, истодааст, ва ман бар рӯи худ афтодам.


Ва ҳангоме ки онҳо зарба мезаданд, ва ман боқӣ мондам, бар рӯи худ афтода, фарьёд кашидам, ва гуфтам: «Ё Худоё Худовандо! Оё Ту, чун ғазабатро бар Ерусалим фурӯ резӣ, тамоми бақияи Исроилро несту нобуд хоҳӣ кард?»


Ва садои гуфторашро шунидам; ва чун садои гуфторашро шунидам, ман дар холати мадҳушӣ рӯйнокӣ афтода, рӯй бар замин хобидам.


Ва Мусо ва Ҳорун пеши тамоми ҷамъомади ҷамоати банӣ‐Исроил бар рӯи худ афтоданд.


Ва онҳо бар рӯи худ афтода, гуфтанд: «Эй Худо, ки Худои орифи рӯҳҳои тамоми башар ҳастӣ! Як кас гуноҳ кардааст, ва ту бар тамоми ҷамоат дарғазаб мешавӣ?»


«Аз миёни ин ҷамоат дур шавед, то ки онҳоро дар як лаҳза нест кунам». Ва онҳо бар рӯи худ афтоданд.


Чун шогирдон инро шуниданд, рӯй ба замин афтоданд ва бисьёр тарсиданд.


Вай гуфт: «Не, балки ман пешвои лашкари Худованд ҳастам, ки алҳол омадам». Ва Еҳушаъ рӯ ба замин афтода, сачда бурд ва ба вай гуфт: «Оғоям ба бандаи худ чӣ мегӯяд?»


Ва ҳангоме ки Ӯро дидам, бар пойҳояш мисли мурда афтодам, ва Ӯ дасти рости Худро бар ман гузошта, гуфт: «Натарс; Манам Аввалин ва Охирин


Ва ҳангоме ки аланга аз қурбонгоҳ сӯи осмон баромад, фариштаи Худованд дар он алангаи қурбонгоҳ сууд намуд; ва Монӯаҳ ва занаш инро дида, рӯй ба замин афтоданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan