2 Ва аҳди Худро дар миёни Худам ва ту барқарор мекунам, ва туро хеле ва хеле афзун мегардонам».
Ва аз ту халқи бузурге ба вуҷуд оварам, ва туро баракат диҳам, ва номи туро бузург созам: ва ту намунаи баракат хоҳӣ шуд.
Ва насли туро монанди ғубори замин мегардонам; агар касе ғубори заминро шумурда тавонад, насли ту низ шумурда шавад.
Дар он рӯз Худованд бо Абром аҳд баста, гуфт: «Ин заминро аз наҳри Миср то наҳри бузург, яъне наҳри Фурот, ба насли ту медиҳам:
Ва ӯро берун оварда, гуфт: «Ба осмон назар кун, ва ситорагонро бишумур, агар онҳоро шумурда тавонӣ». Ва ба ӯ гуфт: «Насли ту ҳамин қадар хоҳад шуд».
Туро бисьёр баракат хоҳам дод ва насли туро бағоят афзун хоҳам кард, мисли ситорагони осмон ва мисли реге ки дар соҳили баҳр аст; ва насли ту шаҳрҳои душманони худро мусаххар хоҳад кард;
Ва Худои Қодир туро баракат диҳад, ва туро борвар ва афзун гардонад, ва аз ту қавмҳои бисьёр ба вуҷуд оянд;
«Инак, Ман аҳди Худро бо шумо ва баъд аз шумо бо насли шумо барқарор мекунам,
Вале Худованд ба онҳо илтифот ва раҳм карда, ба хотири аҳди худ, ки бо Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб баста буд, ба онҳо таваҷҷӯҳ намуд, ва нахост онҳоро несту нобуд кунад, ва то ҳол онҳоро аз ҳузури худ дур наандохтааст.
Он аҳдро, ки бо Иброҳим баст, ва он қасамро, ки барои Исҳоқ ёд кард,
Онҳо исроилиёнанд; фарзандхондагӣ ва ҷалол, аҳдҳо ва шариат, ибодат ва ваъдаҳо ба онҳо тааллуқ доранд;