Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳастӣ 16:5 - Китоби Муқаддас 1992 1999

5 Ва Сорай ба Абром гуфт: «Дар озори ман айбдор ту ҳастӣ; ман канизи худро ба оғӯши ту додам; ва чун дид, ки ҳомила аст, маро хор дошт; Худованд дар миёни ману ту доварӣ кунад».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳастӣ 16:5
12 Iomraidhean Croise  

Худои Иброҳим ва Худои Ноҳӯр, ки Худои падари онҳост, дар миёни мо ҳакам бошанд». Ва Яъқуб ба Ҳайбати падари худ Исҳоқ қасам ёд кард.


Ва ба онҳо гуфтанд: «Бигзор Худованд шуморо бубинад ва доварӣ намояд, аз барои он ки моро дар назари фиръавн ва навкаронаш нафратангез гардонида, шамшер ба дасташон додаед, то ки моро бикушанд».


Анбӯҳи қабилаҳо дар гирди Ту ҷамъ хоҳанд омад; бар онҳо ба афроз баргард.


Ва подшоҳ Еҳӯош эҳсонеро, ки падари ӯ Еҳӯёдоъ ба вай карда буд, ба хотир наоварда, писарашро ба қатл расонид. Ва ӯ дар вақти мурданаш гуфт: «Худованд инро бубинад ва бозхост намояд!»


Барои сардори муғанниён. Суруди таълимии банӣ‐Қӯраҳ.


Ва бо Ҳоҷар хобид; вай ҳомила шуд. Ва чун дид, ки ҳомила аст, хотунашро хор дошт.


Ман пеши ту гуноҳе накардаам, вале ту ба ман бадӣ карда, бо ҷанг ба сари ман омадаӣ; пас бигзор Худованди Довар имрӯз дар миёни банӣ‐Исроил ва банӣ‐Аммӯн доварӣ намояд!»


Осебе ки ба ман ва ба ҷисми ман расидааст, бар гардани Бобил бод!» — хоҳад гуфт сокинаи Сион. «Ва хуни ман бар гардани сокинони кишвари калдониён бод!» — хоҳад гуфт Ерусалим.


Пас бигзор Худованд довар бошад, ва дар миёни ману ту доварӣ намояд, ва даъвои маро бубинад ва бисанҷад, ва маро аз дасти ту бираҳонад».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan