4 Ва бо Ҳоҷар хобид; вай ҳомила шуд. Ва чун дид, ки ҳомила аст, хотунашро хор дошт.
Ва чун даҳ сол аз иқомати Абром дар замини Канъон гузашт, Сорай, зани Абром, канизи худ Ҳоҷари мисриро гирифт, ва ба шавҳари худ Абром ӯро ба занӣ дод.
Ва Сорай ба Абром гуфт: «Дар озори ман айбдор ту ҳастӣ; ман канизи худро ба оғӯши ту додам; ва чун дид, ки ҳомила аст, маро хор дошт; Худованд дар миёни ману ту доварӣ кунад».
Ва духтари калонӣ ба хурдӣ гуфт: «Падари мо пир шудааст, ва марде бар рӯи замин нест, ки аз рӯи одати тамоми замин бо мо бихобад.
Ва Соро дид, ки писари Ҳоҷари мисрӣ, ки ба Иброҳим зоида буд, ханда мекунад.
Ва канизи худ Билҳоро ба ӯ ба занӣ дод; ва Яъқуб бо вай хобид.
Ва ҳангоме ки сандуқи Худованд ба шаҳри Довуд дохил мешуд, Микал бинти Шоул аз тиреза нигоҳ карда, подшоҳ Довудро дид, ки ба ҳузури Худованд ҷастухез ва рақс мекунад, ва дар дили худ аз ӯ нафрат намуд.
Зани нафратангезеро, ки ба шавҳар мерасад, ва канизеро, ки ҷойгири хотуни худ мешавад.
Ва инро, эй бародарон, ман ба хотири шумо ба худам ва ба Апӯллӯс нисбат додам, то шумо аз мо ёд гиред, ки касе бештар аз он чи навишта шудааст, оқилтарошӣ накунад, ва ҳеҷ яке аз шумо дар пеши дигаре бо худ наболад.