3 Ва чун даҳ сол аз иқомати Абром дар замини Канъон гузашт, Сорай, зани Абром, канизи худ Ҳоҷари мисриро гирифт, ва ба шавҳари худ Абром ӯро ба занӣ дод.
Ва Абром ҳаштоду шашсола буд, ҳангоме ки Ҳоҷар Исмоилро ба Абром зоид.
Ва бо Ҳоҷар хобид; вай ҳомила шуд. Ва чун дид, ки ҳомила аст, хотунашро хор дошт.
Ва Сорай ба Абром гуфт: «Дар озори ман айбдор ту ҳастӣ; ман канизи худро ба оғӯши ту додам; ва чун дид, ки ҳомила аст, маро хор дошт; Худованд дар миёни ману ту доварӣ кунад».
Ва дар биёбони Форон иқомат дошт; ва модараш зане аз замини Миср барои ӯ гирифт.
Ва ба писарони сурриягоне ки Иброҳим дошт, Иброҳим тӯҳфаҳо дод, ва онҳоро, дар ҳини зиндагии худ, аз пеши писари худ Исҳоқ ба ҷониби шарқ, ба машриқзамин фиристод.
Ва Эсов назди Исмоил рафт, ва Маҳалат, духтари Исмоил ибни Иброҳимро, ки хоҳари Набойӯт буд, илова бар заноне ки дошт, ба занӣ гирифт.
Ва канизи худ Билҳоро ба ӯ ба занӣ дод; ва Яъқуб бо вай хобид.
Ва Леё дид, ки аз зоидан мондааст, ва канизи худ Зилфоро гирифт, ва ӯро ба Яъқуб ба занӣ дод.
Ва шабонгоҳ бархост, ва ду занаш ва ду канизаш ва ёздаҳ писарашро гирифта, аз маъбари Яббӯқ гузашт.
Ва чунин воқеъ шуд, ки дар вақти иқомати Исроил дар он сарзамин Реубен рафта, бо суррияи падари худ Билҳо хобид. Ва Исроил инро шунид. Ва банӣ‐Яъқуб дувоздаҳ нафар буданд.
Ва Довуд, баъд аз он ки аз Ҳебрӯн омад, боз сурриягон ва занон аз Ерусалим гирифт; ва боз барои Довуд писарон ва духтарон таваллуд ёфтанд.
Ва ӯ ҳафтсад зани бону ва сесад суррия дошт; ва занонаш дили ӯро фосид карданд.
Зеро ки Ҳоҷар кӯҳи Сино дар Арабистон аст ва ба Ерусалими ҳозира мувофиқ меояд, зеро ки он бо фарзандони худ дар ғуломӣ мебошад;