Ман варо баракат хоҳам дод, ва писаре низ аз вай ба ту хоҳам бахшид; варо баракат хоҳам дод, ва халқҳо аз вай ба вуҷуд оянд, ва подшоҳони халқҳо аз вай пайдо шаванд».
Ва Худо ба Иброҳим гуфт: «Ин амр дар ҳаққи писарат ва канизат дар назари ту бад наояд; ҳар он чи Соро ба ту мегӯяд, ба суханаш гӯш андоз; зеро ки насли ту аз Исҳоқ хонда хоҳад шуд.
Ва ҳангоме ки рӯзҳои ту анҷом ёфта, ту бо падарони худ бихобӣ, Ман насли туро, ки аз камари ту берун ояд, баъд аз ту пойдор гардонида, салтанати варо мустаҳкам хоҳам намуд.