Ва Довуд ба писараш Сулаймон гуфт: «Қавӣ ва далер бош ва амал намо, натарс ва ҳаросон нашав, зеро ки Худованд Худо, Худои ман, бо туст, ва то тамоми коре ки барои хизмати хонаи Худованд лозим аст, ба анҷом нарасад, Ӯ аз ту дур нахоҳад шуд ва туро тарк нахоҳад кард.
Ва ҳамаи паноҳбарони Ту хурсанд хоҳанд шуд ва то абад тараннум хоҳанд кард, ва Ту пуштибони онҳо хоҳӣ буд, ва дӯстдорони исми Ту дар Ту шод хоҳанд шуд.
Натарсед ва ҳаросон нашавед: Ман, охир, ба шумо аз қадимулайём эълон кардаам ва хабар додаам, ва шумо шоҳидони Ман ҳастед. Оё ғайр аз Ман Худое ҳаст? Ва кӯҳпорае нест, ки Ман аз он хабар надошта бошам».
Кавӣ ва далер бошед, аз онҳо натарсед ва ҳаросон нашавед, зеро ки Худованд Худоят Худаш бо ту меравад; Ӯ аз ту даст нахоҳад кашид ва туро тарк нахоҳад кард».