8 Ва Абром ба Лут гуфт: «Зинҳор, дар миёни ман ва ту, ва дар миёни чӯпонони ман ва чӯпонони ту низое набошад; зеро ки мо хешу табор ҳастем.
Магар тамоми замин пеши ту нест? Пас, хоҳишмандам, ки аз ман ҷудо шавӣ. Агар ба тарафи чап равӣ, ман ба тарафи рост хоҳам рафт; ва агар ба тарафи рост равӣ, ман ба тарафи чап хоҳам рафт».
Чун Абром шунид, ки хешаш ба асирӣ афтодааст, сесаду ҳаждаҳ нафар ғуломони хоназоди дастпарварди худро бо худ бурда, то Дон таъқиб намуд.
Ва бародарони худро фиристод, ва чун онҳо равона шуданд, ба онҳо гуфт: «Дар роҳ низоъ накунед».
Бигӯед: „Ғуломонат аз наврасии худ то алҳол мардуми чорводор ҳастем, ҳам мо ва ҳам падарони мо“, — то ки дар замини Ҷӯшан сокин шавед. Зеро ки ҳар рамабон барои мисриён нафратангез аст».
Суруди сууд. Ҳон, Худовандро муборак бихонед, эй ҳамаи бандагони Худованд, ки шабҳо дар хонаи Худованд меистед!
Ва рӯзи дигар берун омад, ва инак, ду марди ибрӣ ҷидол мекунанд, ва ӯ ба шарир гуфт: «Чаро ёри худро мезанӣ?»
Ҷавоби нарм ғазабро фурӯ менишонад, вале сухани сахт хашмро бармеангезад.
Шахси тундмизоҷ нифоқ меандозад, вале собир ҷанҷолро сокит мекунад.
Аз ҷанҷол дур шудан барои одам шараф аст, вале ҳар шахси беақл манша мекунад.
Хушо сулҳҷӯён, зеро ки онҳо фарзандони Худо хонда хоҳанд шуд.
Рӯзи дигар назди онҳо омада дид, ки муноқиша мекунанд, ва онҳоро оштӣ доданӣ шуда, гуфт: „Эй мардумон, шумо бародар ҳастед, чаро яқдигарро меранҷонед?“
Якдигарро бо муҳаббати бародарӣ дӯст доред; ва ҳар яке каси дигарро зиёдтар сазовори эҳтиром ҳисоб кунед;
Ҳар корро бе шиква ва шубҳа ба ҷо оваред,
Аммо дар хусуси бародардӯстӣ ба шумо навиштан ҳоҷат надорад, зеро ки худи шумо аз Худо омӯхтаед, ки ба якдигар муҳаббат дошта бошед;
Осоиштагиро бо ҳама пеша кунед ва қудсиятро толиб бошед, ки бе он ҳеҷ кас Худовандро нахоҳад дид,
Бигзор бародардӯстӣ барқарор бошад.
Чун ҷонҳои худро бо итоати ростӣ ба воситаи Рӯҳ барои бародардӯстии бериё пок кардаед, доимо якдигарро аз самими қалб дӯст бидоред,
Ҳамаро ҳурмат кунед, бародариро дӯст доред, аз Худо тарсед, подшоҳро иззат кунед.
Ниҳоят, ҳамаатон ҳамфикр, ҳамдард, бародардӯст, бошафқат, меҳрубон ва фурӯтан бошед;
Пеш аз ҳама чиз ба якдигар муҳаббати пурзӯр дошта бошед, чунки муҳаббат гуноҳҳои зиёдро рӯпӯш мекунад;
Ба парҳезгорӣ — бародардӯстиро ва ба бародардӯстӣ — муҳаббатро.
Эй маҳбубон! Якдигарро дӯст бидорем, чунки муҳаббат аз Худост, ва ҳар кӣ дӯст медорад, аз Худо таваллуд ёфтааст ва Худоро мешиносад.
Ва Ҷуал ибни Обид бо бародаронаш омад, ва онҳо дар Шакем мегаштанд; ва сокинони Шакем ба ӯ умед бастанд.