Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳастӣ 13:7 - Китоби Муқаддас 1992 1999

7 Ва дар миёни чӯпонони чорвои Абром ва чӯпонони чорвои Лут низоъ афтод; ва дар он замон канъониён ва фариззиён сокини он замин буданд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳастӣ 13:7
20 Iomraidhean Croise  

Ва ҳудуди канъониён аз Сидӯн ба самти Ҷарор то Ғазза буд ва ба самти Садӯм, Амӯро, Адмо ва Сабӯим то Лошаъ.


Ва Абром заминро тай карда, то мавзеи Шакем, то булутзори Мӯре расид. Ва дар он вақт канъониён дар ин замин буданд.


Ва Иброҳим Абималикро мазаммат намуд аз боиси чоҳи обе ки ғуломони Абималик бо зӯрӣ гирифта буданд.


Ва чӯпонҳои Ҷарор бо чӯпонҳои Исҳоқ ҷанҷол карда, гуфтанд: «Ин об аз они мост». Ва ӯ он чоҳро Эсак номид, зеро ки бо ӯ баҳс карданд.


Ва Яъқуб ба Шимъӯн ва Левӣ гуфт: «Маро ба изтироб андохтед, ва маро дар назари сокинони ин сарзамин, яъне канъониён ва фариззиён, манфур гардондед. Ва одами ман камшумор аст, ва агар бар зидди ман ҷамъ шуда, маро зарба зананд, ман бо аҳли байтам маҳв гардам».


Бигӯед: „Ғуломонат аз наврасии худ то алҳол мардуми чорводор ҳастем, ҳам мо ва ҳам падарони мо“, — то ки дар замини Ҷӯшан сокин шавед. Зеро ки ҳар рамабон барои мисриён нафратангез аст».


Ва ман гуфтам: «Коре ки шумо мекунед, нағз нест. Шумо, охир, барои пешгирӣ кардани маломати халқҳо, ки душмани мо мебошанд, бояд дар тарси Худо рафтор намоед.


Ва чӯпонон омада, онҳоро ҳай карданд; ва Мусо бархоста, онҳоро муҳофизат намуд, ва рамаи онҳоро об дод.


Аз ҷанҷол дур шудан барои одам шараф аст, вале ҳар шахси беақл манша мекунад.


Ва агар хонае бар зидди худ аз ҳам ҷудо шавад, он хона устувор истода наметавонад;


Чунки шумо ҳанӯз ҷисмонӣ ҳастед. Зеро, модоме ки дар миёни шумо ҳасад, баҳсу мунозира ва ихтилофот ҳаст, оё шумо ҷисмонӣ нестед ва оё ба таври инсонӣ рафтор намекунед?


Бутпарастӣ, ҷодугарӣ, адоват, хархаша, ҳасад, хашм, ҷидол, ихтилофот, бидъатҳо,


Фурсатро ғанимат дониста, бо онҳое ки дар берунанд, оқилона рафтор кунед.


То назди онҳое ки дар берунанд, боодобона рафтор кунед ва ба ҳеҷ чиз мӯҳтоҷ набошед.


Зеро ки мо низ як вақте бемулоҳиза, беитоат, гумроҳ ва бандагони ҳавасҳо ва ҳаловатҳои гуногун будем, бо кина ва ҳасад умр ба сар мебурдем ва мутанаффири дигарон буда, аз якдигар нафрат доштем.


Зеро ҳар ҷое ки ҳасад ва худсарӣ бошад, он ҷо носозӣ ва ҳар кори бад ҳувайдост.


Адоват ва ҷидолҳо дар миёни шумо аз куҷост? Оё на аз ҳавасҳои шумост, ки дар андоматон меҷанганд?


Ва дар миёни халқҳо умри некӯкорона ба сар баред, то ки онҳо ба ҷои он ки дар ҳаққи шумо ҳамчун бадкирдорон бадгӯӣ кунанд, аъмоли некатонро дида, Худоро дар рӯзи тафаққуд ҳамду сано хонанд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan