Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳастӣ 13:12 - Китоби Муқаддас 1992 1999

12 Абром дар замини Канъон сокин шуд; ва Лут дар шаҳрҳои водӣ сокин шуд, ва хаймаҳои худро то Садӯм барафрошт.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳастӣ 13:12
10 Iomraidhean Croise  

Ва Лут тамоми водии Урдунро барои худ ихтиёр кард; ва Лут ба тарафи шарқ кӯч кард. Ва онҳо аз якдигар ҷудо шуданд.


Ва бародарзодаи Абром, Лутро, ки дар Садӯм сокин буд, бо дороияш гирифта рафтанд.


Ки онҳо бо Бараъ подшоҳи Садӯм, Биршаъ подшоҳи Амӯро, Шиноб подшоҳи Адмо, Шамэбар подшоҳи Сабӯим ва подшоҳи Балаъ, ки ҳамон Сӯар бошад, ҷанг карданд.


Ва он ду фаришта бегоҳирӯзӣ ба Садӯм омаданд, ва Лут назди дарвозаи Садӯм нишаста буд. Ва чун Лут онҳоро дид, ба пешвози онҳо бархост, ва рӯй бар замин ниҳода, саҷда кард.


Ва Худованд бар Садӯм ва Амӯро кибрит ва оташ аз ҷониби Худованд аз осмон боронид.


Ва он шаҳрҳоро, ва тамоми водиро, ва ҳамаи сокинони шаҳрҳо ва набототи заминро вожгун сохт.


Ва ҳангоме ки Худо шаҳрҳои водиро маҳв мекард, Худо Иброҳимро ба хотир овард, ва Лутро аз миёни он харобӣ берун кард дар ҳини вожгун сохтани шаҳрҳое ки Лут дар онҳо иқомат дошт.


Зеро ки маро дар рӯзи тира дар хаймаи Худ пинҳон хоҳад дошт, дар паноҳи хиргоҳи Худ руст хоҳад кард, бар кӯҳпора баланд хоҳад бардошт.


Фирефта нашавед: «Ёрони бад ахлоқи некро фосид мекунанд».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan