Ва зан дид, ки он дарахт барои хӯрок хуб аст, ва назаррабост, ва дарахти дилпазири донишафзост; ва аз меваи он гирифта, хӯрд; ва ба шавҳари худ низ дод, ва ӯ хӯрд.
Аз фиғони Ҳешбӯн, ки то Элъола мерасад, овози худро то Яҳас баланд хоҳанд кард, ва аз Сӯар то Ҳӯрӯнаим, ки Эглат Шлишиё мебошад, зеро ки обҳои Нимрим низ хушк хоҳад шуд.
Ва хоҳари калонии ту Сомария аст, ки бо духтаронаш дар шимоли ту сукунат дорад; ва хоҳари хурдии ту, ки дар ҷануби ту сокин аст, Садӯм бо духтаронаш мебошад.
Ту дар Адан, дар боғи Худо будӣ; либосҳои ту бо ҳар гуна санги гаронбаҳо: лаъл, ёқути зард ва алмос, забарҷад, ҷазъ ва яшм, ёқути кабуд, баҳрамон ва зумуррад мурассаъ буд, ва санъати дафҳо ва найҳоят барои ту аз тилло буд, ва ҳамааш дар рӯзи офариниши ту муҳайё шуда буд.
Ва канори шарқӣ дар миёни Ҳаврон ва Димишқ ва дар миёни Ҷилъод ва замини Исроил Урдун хоҳад буд; аз ин сарҳад то баҳри Шарқӣ андоза намоед; ва ин аст канори шарқӣ.
Пеш аз онҳо оташ месӯзонад, ва баъд аз онҳо аланга фурӯ мебарад; пеш аз онҳо боғи Адан аст, ва баъд аз онҳо — биёбони хароба; ва назди онҳо чизе боқӣ намемонад.