Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳастӣ 12:8 - Китоби Муқаддас 1992 1999

8 Ва аз он ҷо ба кӯҳе ки аз Байт‐Ил ба тарафи шарқ аст, кӯч кард; ва хаймаи худро барафрошт, ва Байт‐Ил ба тарафи ғарбӣ ва Ай ба тарафи шарқии он буд; ва дар он ҷо қурбонгоҳе барои Худованд бино кард ва исми Худовандро хонд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳастӣ 12:8
33 Iomraidhean Croise  

Ва Абром хаймаи худро кӯчонда, равона шуд ва дар булутзори Мамре, ки дар Ҳебрӯн аст, маскан гирифт; ва дар он ҷо қурбонгоҳе барои Худованд бино кард.


Ва аз ҷануб то Байт‐Ил роҳ паймуда, ба мақоме расид, ки дар он ҷо пештар хаймаи ӯ дар миёни Байт‐Ил ва Ай буд,


Ба мақоми қурбонгоҳе ки дар он ҷо ӯ дар ибтидо бино карда буд; ва дар он ҷо Абром исми Худовандро хонда буд.


Ва дар Беэр‐Шобаъ ниҳолҳои газ шинонд, ва дар он ҷо исми Худованд Худои ҷовидониро хонд.


Ва ба маконе ки Худо ба ӯ гуфт, расиданд; ва Иброҳим дар он ҷо қурбонгоҳе бино кард, ва ҳезумро чид, ва писари худ Исҳоқро баста, бар қурбонгоҳ болои ҳезум гузошт.


Ва қурбонгоҳе дар он ҷо бино кард, ва исми Худовандро хонд, ва хаймаи худро дар он ҷо барафрошт, ва ғуломони Исҳоқ чоҳе дар он ҷо канданд.


Ва он маконро Байт‐Ил номид; вале номи он шаҳр аввал Луз буд.


Ва Лобон ба Яъқуб даррасид; ва Яъқуб хаймаи худро дар кӯҳ барафрошта буд, ва Лобон низ бо хешовандони худ дар кӯҳи Ҷилъод манзил кард.


Ва қурбонгоҳе дар он ҷо бино кард, ва онро ба исми Худованд Худои Исроил хонд.


Ва бархоста, сӯи Байт‐Ил равона шавем, ва он ҷо ман қурбонгоҳе бисозам барои Худо, ки маро дар рӯзи тангии ман иҷобат намуд, ва дар роҳе ки рафтам, бо ман буд».


Ва он ҷо қурбонгоҳе бино кард, ва он маконро Ил‐Байт‐Ил номид, зеро ки дар он ҷо, ҳангоме ки аз пеши бародари худ гурехт, бар ӯ Худо зоҳир гардида буд.


Ба Шет низ писаре таваллуд шуд, ва ӯро Анӯш номид; дар он вақт ба хондани исми Худованд шурӯъ карданд.


Ва Нӯҳ қурбонгоҳе барои Худованд бино кард; ва аз ҳар чорпои пок, ва аз ҳар паррандаи пок гирифта, қурбониҳои сӯхтанӣ бар қурбонгоҳ гузаронид.


Ва зодагони Биньёмин: аз Ҷобаъ сар карда, то Микмос, Айё, Байт‐Ил ва деҳоташ,


Ва Мусо қурбонгоҳе бино кард, ва онро Худованд Ниссӣ ном монд.


Вай ба Айёт расид; аз Маҷрун гузашт; захоири худро дар Михмос монд.


Ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки ҳар кӣ исми Худовандро бихонад, наҷот хоҳад ёфт, зеро ки дар кӯҳи Сион ва дар Ерусалим, чунон ки Худованд гуфтааст, наҷотьёфтагон хоҳанд буд, ва дар миёни боқимондагон касоне ки Худованд онҳоро хондааст.


Ва чунин ҳоҳад шуд, ки ҳар кӣ исми Худовандро бихонад, наҷот ҳоҳад ёфт“.


Ба калисои Худо, ки дар Қӯринтӯс воқеъ аст, ба муқаддасони даъватшуда, ки дар Исои Масеҳ тақдис гардидаанд, бо ҳамаи онҳое ки дар ҳар ҷо исми Худованди мо Исои Масеҳро мехонанд, ки Ӯ Худованди онҳо ва Худованди мост, —


Бо имон ӯ дар замини мавъуд, мисли замини бегона, ғарибона маскан гирифт, ва бо Исҳоқ ва Яъқуб, ки ҳамирсони ҳамон ваъда буданд, дар хаймаҳо зиндагӣ кард;


Байт‐Аробо, Самораим ва Байт‐Ил,


Ва ба ноҳияи Урдун, ки дар замини Канъон аст, расида, банӣ‐Реубен ва банӣ‐Ҷод ва нисфи сибти Менашше дар он ҷо назди Урдун қурбонгоҳ бино карданд, — қурбонгоҳи бузурге ки аз дурдаст ба назар намоён мешуд.


Ва Еҳушаъ аз Ериҳӯ ба Ой, ки дар наздикии Байт‐Овин, ба тарафи шарқии Байт‐Ил воқеъ аст, одамонро фиристод, ва ба онҳо сухан ронда, гуфт: «Биравед ва он заминро ҷосусӣ кунед». Ва он одамон рафта, Ойро ҷосусӣ карданд.


Ва ӯ қариб панҷ ҳазор нафарро гирифта, дар миёни Байт‐Ил ва Ой, аз тарафи ғарбии Ой дар камин гузошт.


Ва дар Ой ва Байт‐Ил марде намонд, ки барои таъқиб кардани Исроил берун нарафта бошад; ва онҳо шаҳрро воз гузошта, Исроилро таъқиб карданд.


Ва Еҳушаъ ва ҳамаи мардони ҷангӣ бархостанд, то ки сӯи Ой бираванд; ва Еҳушаъ сӣ ҳазор нафар ҷанговарони ҷасурро баргузид, ва шабона онҳоро фиристод.


Он гоҳ Еҳушаъ қурбонгоҳе барои Худованд Худои Исроил бар кӯҳи Эбол бино кард,


Ва Еҳушаъ онҳоро фиристод, ва онҳо сӯи камингоҳ рафта, дар миёни Байт‐Ил ва Ой, аз тарафи ғарбии Ой ҷойгир шуданд; ва Еҳушаъ он шабро дар миёни қавм гузаронид.


Ва Ҷидъӯн дар он ҷо курбонгоҳе барои Худованд сохт, ва онро Худованд‐Осоиштагӣ хонд; он то имрӯз дар Ӯфрои Абиэзрӣ мавҷуд аст.


Барои аҳли Байт‐Ил, ва аҳли Ромои ҷанубӣ, ва аҳли Яттир,


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan